Барои Чӣ?
Аз саволи беҷавоб
Калаам омад ба дард:
Барои чӣ сабза сабз?
Коҳ барои чӣ зард?
Хок сусту мулоим,
Санг барои чӣ сахт?
Барои чӣ хам доим
Шохи пурбори дарахт?
Барои чӣ шаб торик!
Барои чӣ равшан рӯз?
Барои чӣ мепазад
Мева танҳо дар тамуз?
Абри беболу бепар
Барои чӣ паррон аст?
Барои чӣ тори сар
Фақат як осмон аст?
Барои чӣ даркор аст
Ба одам фикру хаёл?...
Барои чӣ бисёр аст
Дар каллаи ман савол?
