Нақли Кӯтоҳи Қади Дароз
Дина дидам як одам,
Як одами қ аддароз,
Чун дидам, шуд даҳонам
Аз ҳайрат, ҷӯраҷон, боз.
Мислиӯ, бикун бовар,
Қадбаланде кам дида,
По рӯйи хок асту сар
Бар осмон расида.
Сӯйи шаҳр аз роҳи дашт
Бо шаст омаду шитоб.
Аз об вақте гузашт,
Чаппа шуд маҷрои об.
По ба раҳ монад, сараш
Бархӯрад бар пардабом,
Ман хадраам дар бараш,
Ӯ - як шамшоди тамом.
Даҳ газ ӯро ҳар қ адам…
Тавсифашро кунам боз?
На! На! Кӯтаҳ мекунам,
Нақ ли ман ҳам шуд дароз.
Хадра - шохаи ток
