Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст
То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст, Дили савдозада аз ғусса дуним афтодаст. Чашми ҷодуи ту худ айни саводи сеҳр аст, Лекин ин ҳаст, ки ин нусха сақим афт
Равоқи манзари чашми ман остонаи туст
Равоқи манзари чашми ман остонаи туст, Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст. Ба лутфи холу хат аз орифон рабудӣ дил, Латифаҳои аҷаб зери дому донаи туст.
Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст
Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст Салои сархушӣ, эй сӯфиёни бодапараст! Асоси тавба, ки дар муҳкамӣ чу санг намуд, Бибин, ки ҷоми зуҷоҷӣ чӣ турфааш биши
Хаме, ки абруи шӯхи ту дар камон андохт
Хаме, ки абруи шӯхи ту дар камон андохт, Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт. Набуд ранги ду олам, ки нақши улфат буд, Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андо
Медамад субҳу килла баста саҳоб,
Медамад субҳу килла баста саҳоб, Ассабӯҳ, ассабӯҳ, ё асҳоб! Мечакад жола бар рухи лола, Алмудом, алмудом, ё аҳбоб!
Эй лӯъбати хандон
Эй лӯъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст? В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидаст? Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрдаст? Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бу
Ҳар субҳдам насими гул аз бӯстони туст
Ҳар субҳдам насими гул аз бӯстони туст, Алҳони будбул аз нафаси дӯстони туст. Чун Хизр дид он лаби ҷонбахши дилфиреб, Гуфто, ки оби чашмаи ҳайвон даҳони туст.
Эй к-оби зиндагонии ман дар даҳони туст
Эй к-оби зиндагонии ман дар даҳони туст, Тири ҳалоки зоҳири ман дар камони туст. Гар бурқаъе фурӯ бигузорӣ бад-ин ҷамол, Дар шаҳр ҳар кӣ кушта шавад, дар замони
Шамъи фалак бо ҳазор машъали анҷум
Сарви чаман пеши эътидоли ту паст аст, Рӯи ту бозори офтоб шикастаст. Шамъи фалак бо ҳазор машъали анҷум, Пеши вуҷудат чароғи бознишастаст.
Он на зулф асту буногӯш, ки рӯз асту шаб аст
Он на зулф асту буногӯш, ки рӯз асту шаб аст, В-он на болои санавбар, ки дарахти рутаб аст. На даҳонест, ки дар ваҳми сухандон ояд, Магар андар сухан оию бидона
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам, Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам. Бар сари зонуи модар боз биншинам даме, Гиряму хандам, сарамро сила бинмоя
Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам
Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам, Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам. Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул, Агар ҷонам рамақ дора
Ин шаби туршрӯи боронӣ
Ин шаби туршрӯи боронӣ Кулбаи модарам ба ёд омад. Боми ӯ мечакад зи боронҳо, Дар дилам оламе ба дод омад.
Бинвис фақат ба хомаи сабзи баҳор
Бинвис фақат ба хомаи сабзи баҳор, Бифрист ба ман ту номаи сабзи баҳор. Чандест, шамидаам Гули наврӯзӣ, Ман бӯи туро зи ҷомаи сабзи баҳор.
Нарм шуд аз хоби ғафлат бистари сангини мо
Нарм шуд аз хоби ғафлат бистари сангини мо, Бошад аз мағзи сари мо пунбаи болини мо. Кардаем аз хонабардушӣ иқоматро видоъ, Гирдбоди домани саҳро бувад тамк
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман, Нағунҷам дар ҳама олам, чу гунҷӣ дар канори ман. Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам, Чу тиллои Зарафш
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. Чу меҳмони ҳаробатӣ, ба иззат бош бо риндон, Ки дарди сар кашӣ, ҷон
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Бо сабури ғӯраам ҳалво нашуд
Бо сабури ғӯраам ҳалво нашуд, Як дари дил ҳам ба рӯям во нашуд. Ёри худ бишмурдаам бегонаро, Ёри мардум ҳеҷ гаҳ аз мо нашуд.
Баҳори бе Лоиқ
Эй баҳори бе Лоиқ, рози марг ифшо кун, Бо таронаи борон ёди шоири мо кун. Асру лаҳза яксон аст дар радифи бемаргӣ, Эй ҳарифи бемаргӣ, лаҳзаро таманно кун,
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак, Рақси фари парасту дар осмон муборак. Рав, дарду ғам, ки шодем хони фараҳ гушодем, Паймони фараҳзо бар ғамкашон муборак.
Гӯед ба Наврӯз, ки нав нест ғами мо
Гӯед ба Наврӯз, ки нав нест ғами мо, Аз ҳасрати хунинкафанон чашми нами мо. Аз ваҳшати оқипадарон пушти хами мо, Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар рӯз биёяд!
Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст
Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст, Бимирад агар шоҳ, агар банда аст. Ба дунё намонда касе ҷовидон, Наёбем мо ҳам зи мурдан амон.
Аз кӯчаҳои шаҳрам
Аз кӯчаҳои шаҳрам Ҳар гаҳ фитад гузорам, Дар ҳар қадам барояш Ҷонро зи нав супорам.
Дар оғӯши куҳистон
Кӯҳ гуфтам ман, Бадахшон кӯҳ гуфт, Қуллаҳои осмонбӯси Зарафшон кӯҳ гуфт… Кард овози маро такрор кӯҳистони ман,
