Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Сайидои Насафӣ
Сайидои Насафӣ

Нарм шуд аз хоби ғафлат бистари сангини мо

Нарм шуд аз хоби ғафлат бистари сангини мо, Бошад аз мағзи сари мо пунбаи болини мо. Кардаем аз хонабардушӣ иқоматро видоъ, Гирдбоди домани саҳро бувад тамкини мо. Остин, умрест, аз сайри чаман афшондаем, Нест кам аз ғунчаи гул домани пурчини мо. Серчашмиҳои мо аз донаҳои ашки мост, Осмонро доғ дорад хушаи Парвини мо. Нафси саркаш оқибат андохт моро дар бало, Кард охир кори худро душмани ширини мо. Бар сари минбар бувад овози носеҳро асар, Нест ҳамчун воизон таҳҷубкорӣ дини мо. Дар паси ойинаи дил, Сайидо, мо хуфтаем, Чашм пушида-ст аз мо душмани худбини мо.