Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Боз як рӯзам гузашт
Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ, Боз як рӯзам гузашт, Боз як рӯзи пур аз сӯзам гузашт. Кай ба дунё омадам ман?
Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем
Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем, Ки ҳоло навхату шӯху ҷавонем. Ҷавонӣ чун ниҳоли гул набошад, Ки онро ҳар баҳор аз нав нишонем.
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад, Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан. Гар аз он манзараҳо гоҳ-гаҳе ёд кунӣ, Пораи манзарае беш нахоҳам будан.
Зиндагонӣ чист? – Дар пои гулистон зистан
Зиндагонӣ чист? – Дар пои гулистон зистан, Бо парирӯён ба коми хеш мастон зистан. Даъвии ҳусну ба рӯи хеш афкандан ниқоб, Оби ҳайвон хӯрдану чун Хизр пинҳон зис
То кай шамидани гул, баҳри димоғ ҳар дам
То кай шамидани гул, баҳри димоғ ҳар дам? То кай тавон гузаштан бар тарфи боғ ҳар дам. Сандуқи синаи ман рашки гуласту гулшан, Дорам басе нуҳуфта дар сина доғ ҳ
Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағофул бишкуфад
Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағофул бишкуфад, Бишкуфам чун булбуле, к-аз дидани гул бишкуфад. Гар сабо орад шамими пираҳан сӯи чаман, Ғунчаро дил дар даруни сина
Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост
Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост, Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост. Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ, Дар муҳаббат комила
Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро
Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро, Мерасад муждаи гул булбули хушалҳонро. Эй сабо, гар ба ҷавонони чаман бозрасӣ, Хидмати мо бирасон сарву гулу райҳонро.
Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул
Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул, Мурда ба дамею аз даме зинда чу гул. Худро ба ҳама миён дарафканда чу гул, В-андар ҳама маҷмаъе пароканда чу гул.
Аз хор-хори ишқи ту дар сина дорам хорҳо
Аз хор-хори ишқи ту дар сина дорам хорҳо, Ҳар дам шукуфта бар рухам з-он хорҳо гулзорҳо. Аз бас фиғону шеванам, чангест хам гашта танам, Ашк омада то доманам аз
Чанд сӯйи чаман оям ба ҳавоят чу сабо
Чанд сӯйи чаман оям ба ҳавоят чу сабо, Як раҳ, ай сарви саҳӣ, қомати раъно бинамо. Ба таҳи куртаи нилӣ суйи бустон бихиром, То гул аз шавқ кунад хирқаи фирӯза қ
Ғофил манишин, на вақти бозист
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ, Чун гул ба чаман ҳавола будӣ. В-акнун ки ба чордаҳ расидӣ, Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо
Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо, Бехештанам кардӣ бӯи гулу райҳонҳо. Гаҳ наъра задӣ булбул, гаҳ ҷома даридӣ гул, Бо ёди ту афтодам, аз ёд бирафт онҳо.
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст, Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст. Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ, Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.
Абр омаду боз бар сари сабза гирист
Абр омаду боз бар сари сабза гирист, Бе бодаи арғувон намебояд зист. Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост, То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?
Эй нафаси хуррами боди сабо
Эй нафаси хуррами боди сабо, Аз бари ёр омадаӣ, марҳабо! Қофилаи шаб, чӣ шунидӣ зи субҳ? Мурғи Сулаймон, чӣ хабар аз Сабо?
Баҳор
Омад баҳори хуррам бо рангу буйи тиб, Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб. Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон, Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Модари май
Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.
Ёрӣ андар кас намебинем
Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд? Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд? Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост? Хун чакад аз шохи гул, абри баҳ
Дарахти дўстӣ
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон, Ки дарди сар кашӣ, ҷон
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст, В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст. Гар ҳирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад, Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.
Гул бе рухи ёр хуш набошад
Гул бе рухи ёр хуш набошад, Бе бода баҳор хуш набошад. Тарфи чаману тавофи бӯстон, Бе лола узор хуш набошад.
Тоҷмаҳал (қисми 2)
Дар канори васеи баҳри кабуд, Шаҳри Бамбай ситода нохушнуд Меҳмонхона ё ки “Тоҷмаҳал” “Менамояд ҳаёти ҳинду ҳал”.
