Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Боз як рӯзам гузашт

Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ, Боз як рӯзам гузашт, Боз як рӯзи пур аз сӯзам гузашт. Кай ба дунё омадам ман? Кай зи оташбозиҳои зиндагӣ огаҳ шудам ман? Омадам. Рафтам. Ту медонӣ маро? Дар сурури хеш мехонӣ маро? Панҷаҳои зарҳалии офтоби субҳгаҳ Мисли дасти дӯст мекӯбад дарамро. Ҳамчу дасти модарам ҳар субҳ рӯи бистарам Сила месозад сарамро. Тоҷҳои қуллаҳо дар нури хуршеди саҳар Сарбасар рахшон мисоли тоҷи шоҳони Аҷам. Офтоб – он Шаҳрзоди пирумру дилҷавон Мекунад афсонаҳои Шарқро зеби рақам... Офтоб аз ганҷи бахшишхонаи умри абад Лаҳзае овард бар ман армуғон. Зиндагии ман зи умри ҷовидон ин лаҳза аст – Лаҳзае, ки гунҷад андар ӯ ҳаёти ҷовидон. Хондам хуршедро аз осмон, То кунад бо ман пагоҳӣ ношто. Чун варо аз чарх овардам фуруд, Хонаи ман хонаи хуршед буд: «– Ассалом, эй офтоб, Эй чашми рӯзи нав, дуруд! Ман ба гӯшат хонам имрӯз Аз муҳаббатҳо суруд...» Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ, Кӯр шуд чашмони рӯз, Хонаи ман боз бехуршед монд.