Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Медамад субҳу килла баста саҳоб,

Медамад субҳу килла баста саҳоб, Ассабӯҳ, ассабӯҳ, ё асҳоб! Мечакад жола бар рухи лола, Алмудом, алмудом, ё аҳбоб! Мевазад аз чаман насими биҳишт, Ҳон, бинӯшед дам ба дам майи ноб. Тахти зумруд задаст гул ба чаман, Роҳи чун лаъли оташин дарёб. Дари майхона бастаанд дигар, Ифтатиҳ, ё муфаттиҳу-л-абвоб! Лабу дандон-тро ҳуқуқи намак Ҳаст бар ҷону синаҳои кабоб. Инчунин мавсиме аҷаб бошад, Ки бибанданд майкада ба шитоб, Бар рухи соқии парипайкар Ҳамчу Ҳофиз бинӯш бодаи ноб.