Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
886. ХОБ ДИДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА ЛАШКАР ОРОСТАН
Чу Баҳром дар хайма танҳо бимонд, Фиристоду эрониёнро бихонд. Ҳаме рой зад ҷангро бо сипоҳ, Бар ин гуна то гашт гетӣ сиёҳ.
885. ПОСУХ ДОДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА СОВАШОҲРО
Фиристода гуфту сипаҳбад шунид, Ба посух сухан тира омад падид. Чунин дод посух, ки «ӣ баднишон, Миёни бузургону гарданкашон.
884. ФИРИСТОДАНИ СОВАШОҲ ПАИҒОМИ ДИГАР БА БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Дигарбора гурде забоноваре, Фиребанда марде зи дашти Ҳарӣ Фиристода шуд назди Баҳрому гуфт, Ки «Бахти сипеҳри туро нест ҷуфт.
883. САФ КАШИДАНИ СОВАШОҲ ВА БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҶАНГИ ЯКДИГАР
Чу бишнид гуфторҳои дурушт, Фиристодаи шоҳ бинмуд пушт. Баёмад, бигуфт, он чи диду шунид, Сари шоҳи туркон зи кин бардамид.
882. ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ СОВАШОҲ НАЗДИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Аз он пас фиристод марди куҳан Ба наздики Баҳроми чирасухан, Бад-ӯ гуфт: «Рав порсиро бигӯй, Ки эдар ба хира марез обрӯй.
881. ФИРИСТОДАНИ ҲУРМУЗДШОҲ ХАРРОДИ БАРЗИНРО НАЗДИКИ СОВАШОҲ БА ПАЙҒОМИ ФИРЕБАНДА
Аз он лашкари Соваву пилу ганҷ Ҳаме буд з-андеша Ҳурмуз ба ранҷ. Ба дил бар-ш андеша бисёр гашт, Зи Баҳром пурдарду тимор гашт.
880. РАФТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҶАНГИ СОВАШОҲ
Сапеда чу барзад сар аз кӯҳсар, Падид омад аз дур рахшон сипар. Сипаҳбад биёмад ба айвони шоҳ, Биғалтид бар хок пеши сипоҳ.
879. ПАҲЛАВОНӢ ДОДАНИ ҲУРМУЗД БАҲРОМИ ЧӮБИНАРО
Шаҳаншоҳи Эрон аз он шод гашт, Зи тимори он лашкар озод гашт. Варо кард солор бар лашкараш, Ба абр- андар овард ҷангӣ сараш.
878. ОМАДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА НАЗДИКИ ҲУРМУЗДШОҲ
Ҷаҳонҷӯй пӯён зи Бардаъ биронд, Зи гурдони лашкар касеро нахонд. Чу Баҳром танг андаромад зи роҳ, Бифармуд, то бор доданд шоҳ.
877. НИШОН ДОДАНИ МЕҲРОНСИТОД АЗ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҲУРМУЗДШОҲ ВА ХОСТАНАШ ҲУРМУЗД
Яке банда буд шоҳро шодком, Хирадманду бедору Настӯҳ ном. Ба шоҳи ҷаҳон гуфт: «Анӯша бадӣ, Ҳамеша зи ту дур чашми бадӣ.
876. ЛАШКАР КАШИДАНИ СОВАШОҲ БА ҶАНГИ ХУРМУЗД
Чу даҳсола шуд подшоҳиш рост, Зи ҳар кишвар овози бадхоҳ хост, Биёмад зи роҳи Ҳарӣ Совашоҳ, Або кӯсу пилону ганҷи сипоҳ,
875. БАРГАШТАНИ ҲУРМУЗД АЗ БЕДОД БА ДОДГУСТАРӢ
В-аз он пас набуд зиндагонии хеш, Зи тимор зад бар дили хеш неш. Зи соле ба Истахр будӣ се моҳ, Ки кӯтоҳ будӣ шабони сиёҳ.
874. КУШТАНИ ҲУРМУЗД СИМОҲБАРЗИН ВА БАҲРОМИ ОЗАРМЕҲОНРО
Чу шуд кори мӯбад ба зорӣ ба сар, Ҳама кишвар аз дард зеру забар, Ҷаҳондори хунрези носозгор Накард эч ёд аз бади рӯзгор.
873. КУШТАНИ ҲУРМУЗД ЭЗАДГУШАСПРО ВА ЗАҲР ДОДАНИ ЗАРДУҲИШТ МӮБАДИ МӮБАДОНРО
Чунин буд, то шуд бузургиш рост, Бад-он чиз бар подшо шуд, ки хост. Барошуфту хӯи бад овард пеш, Ба як сӯ шуд аз роҳи оину кеш.
872. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ҲУРМУЗДШОҲ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН
Яке пир буд марзбони Ҳарӣ, Писандидаву дида аз ҳар даре. Ҷаҳондидае номи ӯ буд Мох, Сухандону бо фарру бо баргу шох.
871. ПОДШОҲИИ ҲУРМУЗД
Чордаҳ сол буд Оғози достон Бихандид таммуз бо сурхсеб, Ҳаме кард бо бору баргаш итеб,
870. АҲД НАВИШТАНИ НӮШИНРАВОН ПИСАРИ ХУД ҲУРМУЗДРО
Ҷаҳонро намоиш чу кирдор нест, Ниҳонаш ба ҷуз ранҷу тимор нест. Агар тоҷ дориву гар гурму ранҷ, Ҳамон бугзарӣ з-ин сарои сипанҷ.
869. ПУРСИШИ МӮБАДОН АЗ ҲУРМУЗД ВА ПОСУХ ДОДАНИ Ӯ
Шуданд андар он мӯбадон анҷуман, Зи ҳар дар пажӯҳандаву ройзан. Ҷаҳонҷӯй Ҳурмуздро хонданд, Бари номдорон-ш биншонданд.
868. ГУФТОРИ НӮШИНРАВОН АНДАР ВАЛИАҲД КАРДАН ПИСАРИ ХУД ҲУРМУЗДРО
Ҷаҳонҷӯй деҳқони омӯзгор Чӣ гуфт андар ин гардиши рӯзгор, Ки рӯзе фароз асту рӯзе нишеб, Гаҳе бо хиромему гаҳ бо ниҳеб.
867. ОМАДАНИ ФИРИСТОДАГОНИ ҚАЙСАР НАЗДИ НӮШИНРАВОН БО ПӮЗИШ ВА НИСОР
Шаб омад, дижам шуд зи гуфтор шоҳ, Хурӯши ҷарас хост аз боргоҳ. Талоя пароканд бар гирди дашт, Ҳама шаб ҳаме гирди лашкар бигашт.
866. ЛАШКАР КАШИДАНИ КИСРО БА РУМ ВА ВОМ ГИРИФТАН АЗ БОЗОРГОНОН
Чу огоҳӣ омад ба Қайсар зи шоҳ, Ки пурхашм аз Эрон бишуд бо сипоҳ. Биёмад зи Аммурия то Ҳалаб, Ҷаҳон шуд пурошӯбу бонгу ҷалаб.
865. НОМА НАВИШТАНИ НӮШИНРАВОН НАЗДИКИ ПИСАРИ ҚАЙСАР ВА ПОСУХ ФИРИСТОДАНИ ОН
Чунин дидам аз номаи бостон, Зи гуфтори он донишӣ ростон, Ки огоҳӣ омад зи ободбум Ба назди ҷаҳондор Кисро зи Рум,
864. ПУРСИШИ МӮБАД АЗ НӮШИНРАВОН ВА ПОСУХИ Ӯ
Яке пир буд паҳлавонисухан, Ба гуфтору кирдор гашта куҳан. Чунин гӯяд аз дафтари паҳлавон, Ки пурсид мӯбад зи Нӯшинравон,
863. ПАНД ДОДАНИ НӮШИНРАВОН ПИСАРИ ХУД ҲУРМУЗДРО
Бифармуд Кисро, ки ояд дабир, Нависад яке номаи дилпазир. Зи шоҳи сарафрозу хуршедчеҳр Маҳ асту ба комаш гироён сипеҳр.
862. ГУФТОР АНДАР ТАВҚЕИ НӮШИНРАВОН
Чунин буд то гоҳи Нӯшинравон, Ҳам ӯ буд шоҳу ҳам ӯ паҳлавон. Ҳам ӯ буд ҷангиву мӯбад ҳам ӯ, Ҳам ӯ ҳирбад буд, сипаҳбад ҳам ӯ.

