Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
861. ФИРИСТОДАНИ ҚАЙСАР ДУРҶИ САРБАСТА ВА РАҲОӢ ЁФТАНИ БУЗАРҶМЕҲР ВА ГУФТАНИ РОЗИ ОН
Чунон буд, ки Қайсар бад-он чанд гоҳ Расуле фиристод наздики шоҳ Або ҳадяву номаву бо нисор Яке дурҷу қуфле бад-ӯ устувор,
860. ХАШМ ГИРИФТАНИ НӮШИНРАВОН БАР БУЗАРҶМЕҲР ВА БАНД ФАРМУДАНАШ
Нигаҳ кун кунун кори Бузарҷмеҳр, Ки бар сар чӣ гуна шуд ӯро сипеҳр. Ҳамон кас, ки бурдаш бар абри баланд, Фуруд оваридаш ба хоки нажанд.
859. ГУФТОР АНДАР ОВАРДАНИ БАРЗУЙ КАЛИЛА ВА ДИМНАРО АЗ ҲИНДУСТОН
Нигаҳ кун, ки шодон Барзин чӣ гуфт, Бад-он гаҳ ки букшод роз аз нуҳуфт. Зи кори шаҳаншоҳ Нӯшинравон, Ки номаш бимонод доим ҷавон.
858. БОЗИИ ШАТРАНҶ СОХТАН АЗ БАҲРИ МОДАРИ ТАЛҲАНД
Саворон ба ҳар сӯ барафканд Гав, Ба ҷое, ки буд мӯбаде пешрав. Саросар ба даргоҳи шоҳ омаданд, Бад-он номвар боргоҳ омаданд.
857. ОГОҲ ЁФТАНИ МОДАРИ ТАЛҲАНД АЗ МАРГИ ПИСАР ВА СӮГ КАРДАН АЗ БАҲРИ Ӯ
Чу шоҳон гузиданд ҷои набард, Бишуд модар аз хобу орому х(в)ард. Ҳамеша ба раҳ дидбон доштӣ, Ба талхӣ ҳама рӯз бугзоштӣ.
856. БОРИ ДИГАР РАЗМ КАРДАНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД ВА МУРДАНИ ТАЛҲАНД БАР ПУШТИ ПИЛ
Зи даргоҳи Талҳанд баршуд хурӯш, Зи лашкар ҳама кишвар омад ба ҷӯш. Сипаҳро ҳама сӯи дарё кашид, В-аз он сӯ сипоҳи Гав омад падид.
855. ҶАНГИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД
Чу барзад сар аз бурҷи шер офтоб, Замин шуд ба кирдори дарёи об. Яке чодар овард хуршед зард, Бигустурд бар гунбади ложвард.
854. ПАНД ДОДАНИ ГАВ ТАЛҲАНДРО
Нигаҳ кард Гав андар он дашти ҷанг, Ҳаво дид чун пушти ҷангипаланг. Ҳама гом хоку ҳама дашт хун, Ба гирд -андарун найза буд раҳнамун.
853. ҶАНГ СОХТАНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД
Пас огоҳӣ омад ба Талҳанду Гав, Ки ҳар барзанеро яке пешрав. Ҳама шаҳр вайрон кунанд аз ҳаво, Набояд, ки доранд шоҳон раво.
852. ГУФТУГӮ КАРДАНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД АЗ БАҲРИ ТАХТ
Зи гуфти бадомӯз ҷӯшон шуданд, Ба наздики модар хурӯшон шуданд. Бигуфтанд, к-«Аз мо кӣ зеботар аст, Ки бар неку бар бад шикеботар аст?»
851. ДОСТОНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД ВА ПАЙДО ШУДАНИ ШАТРАНҶ ОҒОЗИ ДОСТОН
Чунин гуфт фарзона Шоҳуи пир, Зи Шоҳуи пир ин сухан ёд гир. Ки дар Ҳинд марде сарафроз буд, Ки бо ганҷу бо лашкару соз буд.
850. НОШИНОХТАНИ ДОНАНДАГОНИ ҲИНД РОйИ НАРДБОЗӢ
Биёмад яке номвар кадхудой, Фиристодаро дод шоиста ҷой. Яке хуррам айвон биёростанд, Маю руду ромишгарон хостанд.
849. СОХТАНИ БУЗАРҶМЕҲР НАРДРО ВА ФИРИСТОДАНИ НӮШИНРАВОН ӮРО БА ҲИНД
Бишуд марди доно ба ороми хеш, Яке тахту паргор бинҳод пеш Нигаҳ кард ҷое, ки ториктар, К-аз ӯ гардад андеша бориктар.
848. АНДАР ФИРИСТОДАНИ РОйИ ҲИНД ШАТРАНҶРО НАЗДИ НӮШИНРАВОН
Чунин гуфт мӯбад, ки «Як рӯз шоҳ Ба дебои румӣ биёрост гоҳ. Биёвехт тоҷ аз бари тахти соҷ, Ҳама соҷ оҷу ҳама оҷ тоҷ.
847. ПАНД ДОДАНИ БУЗАРҶМЕҲР НӮШИНРАВОНРО
Ҷаҳондор биншаст як рӯз шод, Бузургони донандаро бор дод. Сухан гуфт хандону букшод чеҳр, Бари тахт биншаст Бузарҷмеҳр,
846. АНДАР ОРОМ ЁФТАНИ ҶАҲОНИЁН АЗ ОИНИ НӮШИНРАВОН
Чу Кисро биёмад бари тахти хеш Гурозону анбоз бо бахти хеш, Ҷаҳон чун биҳиште шуд ороста Зи доду зи хубӣ пур аз хоста.
845. БОЗОМАДАНИ НӮШИНРАВОН БА ЭРОНЗАМИН БА ПИРӮЗӢ
Ба тахт омад аз ҷойгоҳи намоз, Сипоҳаш ба рафтан гирифтанд соз. Баромад хурӯшидани говдум Зи даргоҳу овози рӯинахум.
844. БОЗГАШТАНИ ХОҚОН ВА ЛАШКАР КАШИДАНИ НӮШИНРАВОН СӮИ ТАЙСАФУН
Чу огоҳӣ омад ба хоқони Чин Зи Эрону аз шоҳи Эронзамин. В-аз он шодмонӣ ба фарзанди ӯй, Шудан шоҳ хуррам ба пайванди ӯй.
843. ФИРИСТОДАНИ ХОҚОНИ ЧИН ДУХТАРРО ҲАМРОҲИ МЕҲРОНСИТОД НАЗДИ НӮШИНРАВОН
Чу бишнид хоқон, дилаш гашт х(в)аш, Бихандид хотуни хуршедфаш. Чу аз чора дилҳо бипардохтанд, Фиристодаро пеш биншохтанд.
842. ФИРИСТОДАНИ НӮШИНРАВОН МЕҲРОНСИТОДРО БАРОИ ДИДАНИ ДУХТАРИ ХОҚОН
Нависандаи номаро пеш хонд, Зи хоқон фаровон суханҳо биронд. Бифармуд, то нома посух навишт, Гузини суханҳои фаррух навишт
841. НОМАИ ХОҚОН ДАР БОРАИ ДОДАН ДУХТАРИ ХЕШРО БА НӮШИНРАВОН
Чу хоқони Чин он суханҳо шунид, Бипажмурду шуд чун гули шанбалид. Дилаш з-он суханҳо пур аз бим гашт, В-аз андеша мағзаш ба ду ним гашт.
840. ПОСУХИ НОМАИ ХОҚОНИ ЧИН АЗ НӮШИНРАВОН
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир Або мӯбади мӯбадон Ардашер. Ба қиртос - бар номаи хусравӣ, Нависанда бинвишт бар паҳлавӣ.
839. НОМАИ ХОҚОНИ ЧИН БА НАЗДИ НӮШИНРАВОН
Зи лашкар сухангӯй даҳ баргузид, Ки ҳам гӯяду гуфта донад шунид. Яке нома бинвишт бо офарин, Сухандони чинӣ ба оини Чин.
838. ЛАШКАР КАШИДАНИ НӮШИНРАВОН БАРОИ ҶАНГИ ХОҚОНИ ЧИН
Яке лашкаре аз Мадоин биронд, Ки рӯи замин ҷуз ба дарё намонд. Замин кӯҳ то кӯҳ яксар сипоҳ, Дирафши ҷаҳондор бар қалбгоҳ.
837. ОГОҲ ШУДАНИ НӮШИНРАВОН АЗ КОРИ ҲАЙТОЛИЁН ВА ЛАШКАР КАШИДАН БА ҶАНГИ ЭШОН
Пас огоҳӣ омад ба шоҳи бузург Зи Хоқон, ки буд номдоре сутург. Зи Хайтолу гурдони он анҷуман, Ки омад зи хоқон бар эшон шикан.

