Чун ниҳод, Мирзои Турсунзода бар Ашт, пои худ
Чун ниҳод, Мирзои Турсунзода бар Ашт, пои худ,
Баҳри истиқболи шоир, хест халқ аз ҷои худ,
Хонда ҳар як шеъри ӯ бо шеваи буррои худ,
Шодӣ мекарданд ҳама з-ин булбули шайдои худ,
Халқ буду шоири ваҳдатсаро Мирзои худ.