Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст

Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст, Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст. Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст. Охир, ба чӣ гӯям ҳаст, аз худ хабарам чун нест В-аз баҳри чӣ гӯям нест, бо вай назарам чун ҳаст? Шамъи дили дамсозон бинишаст, чу ӯ бархост В-афғони назарбозон бархост, чу ӯ биншаст. Гар ғолия хушбӯ шуд, дар гесуи ӯ печид В-ар вусма камонкаш гашт, дар абруи ӯ пайваст. Боз ой, ки боз ояд умри шудаи Ҳофиз, Ҳарчанд ки н-ояд боз тире, ки бишуд аз шаст.