Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Хостам гӯям: "Шаби ялдо муборак, дӯстон!

Хостам гӯям: "Шаби ялдо муборак, дӯстон!", Рӯйи Қобилҷон ба пеши рӯям омад, чун кунам? Гар ниҳон дорам ғамаш, тарсам, ки дил тангӣ кунад, Гар кашам фарёд, метарсам, ки ғам афзун кунам. "Тоҷикам ман" гуфтаву бо ин гуноҳаш кушта шуд, "Тоҷикам ман!" гӯяму истеза бо гардун кунам! Дар шаби ялдо намегунҷад ғами садсолаам, Ҳафт дарёро бигирям, то ғамам берун кунам. Аз анори дил фишорам донаи хунбастаро, "Чашмҳоро чашма созам, чашмаҳоро хун кунам".