Рафт Султонмуроди Одина
Рафт Султонмуроди Одина,
Беғараз, беғубор, бекина.
Аз сари кӯҳи Хонақо бигзашт,
Бе асо, бе таноб, бе зина.
Ҷойи чашмаш ду гавҳари ғам дошт,
Ҷойи дил як дарича оина.
Куртаҳояш пури қалам мешуд,
Панҷааш дошт аз қалам пина.
Суханаш дар гулў намегунҷид,
Метаровид илмаш аз сина.
Чу Парии Ҳисории сонӣ,
Даст шуст аз мақому ганҷина.
Чор ҷилди Ҳисорро бинвишт,
Бе тақозои музду нақдина.
Буд ҳамчун Ҳисор побарҷой,
Буд ҳамчун Ҳисор дерина…
Дар «Сарои сухан»* қиёмат шуд,
Рафт Султонмуроди Одина…