Ёддошти Масчо
Сано бар модари Масчоҳу фарзандони огоҳаш,
Ба қурбони саломи кӯдакони қад-қади роҳаш.
Агар Масчоҳи нав як боргоҳи маърифат бошад,
Худоё, кӯҳи имон аст Кӯҳистони Масчоҳаш!
Зи номуси баланд охир заминаш осмон гашта,
Ки кӯтоҳӣ кунад дасти ҳарифи дасткӯтоҳаш.
Тамоми мардуми Масчоҳ гӯӣи "мири Масчоҳ" аст,
Пари товус донад аз ватандорӣ пари коҳаш.
Саҳар аз рўи боми хонааш хуршед мехезад,
Шабонаш шир меполад ба тӯри зарҳали моҳаш.
Ба пойи меҳмонаш густарад ҷони ҳарирашро,
Ва як дафтар табассум монда андар ҷайби сайёҳаш.
Зи дашти Оббурдон лангар андар Лангар андозӣ,
Ба Мадрушкат фароӣ дар қадамгоҳи шаҳаншоҳаш.
Зи лавҳи бостонии Сабағ аввал сабақ гирӣ,
Абумўсо равӣ, то файз бардорӣ зи даргоҳаш.
Ба Худгиф эътидоли офтобу сояро бинӣ,
Ки дар ҳайрат бимонӣ аз камоли тарҳу тарроҳаш.
Самарқанду Бухороро низ фарзандони Масчоҳанд,
Ки аз файзи Зарафшон аст фарру маснаду ҷоҳаш.
Ба худ гуфтам чаро Масчо ба шакли Мастчоҳ ояд,
Ки не “маст” асту не “чоҳ” аст дар маъниву эзоҳаш.
Ҳамегуфтам, ки дар ислоҳи роҳаш мисрае гӯям,
Вале он ҷо хабар омад, ки наздик аст ислоҳаш!
Чу Масчо як ибодатхонаи рӯҳи ниёгон аст,
Нигаҳбон бод рӯҳи ҳафт пиру ҳафт арвоҳаш.