Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
911. БОЗГАШТАНИ БАҲРОМУ ХУСРАВ ВА ПАНД ДОДАНИ ГУРДИЯ БАҲРОМРО ВА СИГОЛИШ КАРДАНИ ХУСРАВ БО ЭРОНИЁН
Бигуфту бихандиду баргашт аз ӯй, Сӯи лашкари хеш бинҳод рӯй. Зи хоқониён он се турки сутург, Ки арғунда буданд бар сони гург,
910. РАСИДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҲАМДИГАР
Расиданд Баҳрому Хусрав ба ҳам, Кушода яке рӯю дигар дижам. Нишаста ҷаҳондор бар хинги оҷ, Зи зарру зи ёқут бар сар-ш тоҷ.
909. ОГОҲ ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА АЗ КӮР ШУДАНИ ҲУРМУЗД ВА ЛАШКАР КАШИДАН БА ҶАНГИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Чу бишнид Баҳром, к-аз рӯзгор Чӣ омад бар он номвар шаҳрёр, Ниҳоданд бар чашми равшан-ш доғ, Бимурд ин чароғи ду наргис ба боғ.
908. ОМАДАНИ ХУСРАВ ПЕШИ ПАДАР ВА ПӮЗИШ ХОСТАН
Чу пинҳон шуд он чодари обнӯс, Ба гӯш омад аз дур бонги хурӯс. Ҷаҳонгир шуд то ба назди падар, Ниҳонаш пур аз дарду хаста ҷигар.
907. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ХУСРАВ ВА ПӮЗИШИ ПАДАР ХОСТАНИ Ӯ
Чу Хусрав нишаст аз бари тахти зар, Бирафтанд ҳар кас, ки будаш ҳунар. Гаронмоягонро ҳама хонданд, Бар он тоҷи нав гавҳар афшонданд.
906. ОҒОЗИ ДОСТОН
Чу Густаҳму Биндӯй б-Озаргушасп Барафканд марде сабук бо ду асп, Ки дар шаб ба наздики Хусрав шавад, Аз Эрон ба огоҳии нав шавад.
905. КӮР КАРДАНИ ГУСТАҲМ ВА БИНДУЙ ҲУРМУЗДРО
Чу огоҳӣ омад сӯи шаҳрёр Зи Оингушасп, он гави номдор, Аз андуҳ дари бор додан бубаст, Надидаш касе низ бо май ба даст.
904. ФИРИСТОДАНИ ҲУРМУЗД ОИНГУШАСПРО БА ҶАНГИ БАҲРОМ ВА КУШТА ШУДАНИ Ӯ
Ба Оингушасп он гаҳе шоҳ гуфт, Ки «Аз рой дурему бо дард ҷуфт. Чӣ нав шуд, чӣ созем Баҳромро, Чунон бандаи хори худкомро?»
903. НОМА НАВИШТАНИ БАҲРОМ НАЗДИ ҲУРМУЗД ВА ГУРЕХТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ АЗ ПЕШИ ПАДАР
Яке нома бинвишт пурбоду дам, Сухан гуфт ҳар гуна аз бешу кам. Зи Пармудаву лашкари Совашоҳ, Зи разме, ки ӯ карда буд бо сипоҳ.
902. СИККА ЗАДАНИ БАҲРОМ БА НОМИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Чу барзад синон офтоби баланд, Шаби тира гашт аз дурахшаш нажанд. Сипаҳдор Баҳроми гурди сутург, Бифармуд, то шуд дабири бузург.
901. СИГОЛИШ НАМУДАНИ БАҲРОМ БО САРДОРОН АЗ ПОДШОҲИИ ХУД ВА ПАНД ДОДАН ӮРО ГУРДИЯ ХОҲАРИ ХЕШ
Аз он пас гаронмоягонро бихонд, Басе розҳо пеши эшон биронд. Чу Ҳамдонгушаспу дабири бузург, Ялонсина он номдори сутург.
900. ОГАҲ ДОДАНИ ХАРРОДИ БАРЗИН ҲУРМУЗДРО АЗ КОРИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
В-аз ин рӯй Харроди Барзин ниҳон Ҳаме тохт то назди шоҳи ҷаҳон. Ҳама гуфтаниҳо бад-ӯ бозгуфт, Ҳама розҳо баркушод аз нуҳуфт.
899. ГИРИФТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ОИНИ ПОДШОҲӢ
Дигар рӯз чун симгун гашт роғ, Падид омад он зардрахшон чароғ, Бигустурд фарше зи дебои Чин, Ки гуфтӣ, магар осмон шуд замин.
898. АНДАР ДИДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БАХТИ ХУДРО
Чунин то ду ҳафта бад-ин баргузашт, Сипаҳбад зи айвон омад ба дашт. Яке беша пеш омадаш пурдарахт, Сазовори майхораи некбахт.
897. ПӮШИДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ҶОМАИ ЗАНОН ВА ХУДРО ДАР ҲАМОН ҶОМА БА САРДОРОНИ ЛАШКАР НАМУДАН
Чу Баҳром бо нома хилъат бидид, Шикебоиву хомушӣ баргузид. Ҳаме гуфт: «Ин аст подоши ман, Чунин аст аз ин шоҳ пархоши ман.
896. ФИРИСТОДАНИ ҲУРМУЗД ДУКДОН ВА ҶОМАИ ЗАНОН НАЗДИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Ҷаҳондор ҳам з-ӯ на хушнуд буд, Зи тезӣ равонаш пур аз дуд буд. Аз озори хоқони чинӣ нахуст, Ки Баҳром аз озарми ӯ дил бишуст.
895. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ҲУРМУЗД АЗ НОРОСТИИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА ПАЙМОН БАСТАН БО ХОҚОН
Ҳаюне биёмад ҳам он гаҳ сутург Або номае аз дабири бузург, Ки шоҳи ҷаҳон ҷовидон шод бод, Сару тоҷи ӯ бандаро ёд бод!
894. ОМАДАНИ ХОҚОН БА НАЗДИКИ ҲУРМУЗДШОҲ
Чу хоқон биёмад ба наздики шоҳ Або ганҷи деринаву бо сипоҳ, Чу бишнид шоҳи ҷаҳон, барнишаст Ба сар-бар яке тоҷу гурзе ба даст.
893. ХАШМ ГИРИФТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БАР ПАРМУДА
Чу нома биёмад бари паҳлавон, Дили номвар паҳлавон шуд ҷавон. Аз он нома андар шигифтӣ бимонд, Фиристоду эрониёнро бихонд.
892. ХОСТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА МАНШУРИ ЗИНҲОРИИ ПАРМУДА АЗ ҲУРМУЗД
Набиштанд пас номаи судманд, Ба наздики Ҳурмузд шоҳи баланд, Ки «Хоқони Чин зинҳорӣ шудаст, Зи Баҳроми ҷангӣ ҳисорӣ шудаст.
891. ПАНОҲ ХОСТАНИ ПАРМУДА АЗ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Чунин гуфт: «Аз он пас, ки бар дашт ҷанг Забунист бар кор кардан диранг». Ялонсинаро гуфт, то се ҳазор Аз он размгаҳ баргузинад савор.
890. РАЗМИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БО ПАРМУДА, ПИСАРИ СОВАШОҲ ВА ГУРЕХТАНИ ПАРМУДА БА ОВОЗАДИЖ
Аз ӯ чун ба Пармуда рафт огаҳӣ, Ки ҷӯяд ҳаме тахти шоҳаншаҳӣ, Диже дошт Пармуда, Овоза ном, К-аз ин диж будӣ эману шодком.
889. ФИРИСТОДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ФИРӮЗНОМАРО БО САРИ СОВАШОҲ НАЗДИ ҲУРМУЗД
Шаби тира чун зулфро тоб дод, Ҳамон тоби ӯ чашмро хоб дод. Падид омад он пардаи обнӯс, Баросуд гетӣ зи овози кӯс.
888. КУШТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ҶОДУЙРО
Чу бугзашт аз он рӯзи беҳ нӯҳ замон, Надиданд зинда яке бадгумон. Магар он ки буданд баста асир, Равонҳо зи ғам хаставу тан ба тир.
887. РАЗМ КАРДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БО СОВАШОҲ
Чунин гуфт пас бо сипаҳ Совашоҳ, Ки «Аз ҷодуӣ андароред роҳ, Бад-он то дилу чашми эрониён Бупечад, наёяд шуморо зиён».

