Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дили сиришта ба дарде, ки дар канори ман аст,
Дили сиришта ба дарде, ки дар канори ман аст, Гарам ғаме расад аз даҳр, ғамгусори ман аст. Диле, ки гум шуда, ҳаргиз наёфтам асараш, Барад сабо, ба хами турраи
Маро, ки ишқи накӯён накӯтарин амал аст,
Маро, ки ишқи накӯён накӯтарин амал аст, Хушам, к-аз ин амали нек номи ман масал аст. Шаби висол, ки вақти нафас кашидан нест, Бигӯ ба мурғи саҳар, к-ин чӣ бонг
Доғи ишқи ту ба рухсораи дил холи ман аст,
Доғи ишқи ту ба рухсораи дил холи ман аст, Аз ту идбор гар ояд ба ман, иқболи ман аст. Қади шамшоди ту ҳар ҷо, ки равад, аз дунбол Тани ҳамчун алифу қомати чун
Дилам ҳамчу минқори булбул ду ним аст,
Дилам ҳамчу минқори булбул ду ним аст, Ки домони он гул ба дасти насим аст. Туро з-он қадду кокулу зулф, ҷоно, Алиф дар миёну зи ду нуну ҷим аст.
Он ҳуққаи даҳони ту ё тунги шаккар аст,
Он ҳуққаи даҳони ту ё тунги шаккар аст, Ё чашмаи ҳаёт ва ё ҳавзи Кавсар аст. Хунам хӯриву бок надорӣ, ки хуни ман Гӯӣ, ҳалолтар ба ту аз шири модар аст.
Ҷони ширини ман, эй ширинписар, қурбони туст,
Ҷони ширини ман, эй ширинписар, қурбони туст, Ҳарчи ширинтар бувад аз ҷон, фидои ҷони туст. Аз миён боло макун таклифи васли худ маро, З-он, ки мақсуди ман, эй
Дилбаро, ҳолам хароб аз наргиси фаттони туст,
Дилбаро, ҳолам хароб аз наргиси фаттони туст, Хотирам ошуфта аз зулфи абирафшони туст. Хоҳ аз абрӯ ба теғу хоҳ аз мижгон ба тир, Турки ман, бо ҳарчи мехоҳӣ бику
Биё, ки вазъи ҷаҳон тарзи дигар афтодаст,
Биё, ки вазъи ҷаҳон тарзи дигар афтодаст, Ки ҳар кӣ шод дар ӯ зиста-ст, ношод аст. Зи ғунча ҳар варақи гул, ки во шавад ба насим, Ба фарқи булбули бечора теғи б
Дареғи ман, ки зи ишқи ту рафтаам аз даст,
Дареғи ман, ки зи ишқи ту рафтаам аз даст, Чу он шарори баланде, ки з-об гардад паст. Қади чу новаки ман бин, ки чун камони заиф, Ба садмаи кашиши бозуи ғами ту
Як қалам аз файзи шеърам рангбор афтодааст
Як қалам аз файзи шеърам рангбор афтодааст В-арна табъам рашки сад гулшан баҳор афтодааст. То ба мижгон тифли ашкам найсавор афтодааст, Гиряам сомони сад шӯхӣ б
Интизори тирабахтӣ баски сайди роми мост,
Интизори тирабахтӣ баски сайди роми мост, Сурма аз гарди рами оҳу ба чашми доми мост. Мо ба риндӣ фориғем аз ному нанги рӯзгор, Бода аз хуни ду олам обрӯ дар ҷо
Тарзи хирому нози ту з-ин сон, ки дилрабост,
Тарзи хирому нози ту з-ин сон, ки дилрабост, Гар ман ба хоки пои ту ҷон медиҳам, равост. Ҳаргиз ба вазъи дӯстӣ аз сар намениҳад Бегонагӣ, ки шеваи он ёри ошност
Нарасад сарв бар он қомати дилҷӯ, ки турост,
Нарасад сарв бар он қомати дилҷӯ, ки турост, Нарасад мушк бар он зулфи суманбӯ, ки турост. Мехалад бар ҷигарам н-омада аз хона ҳанӯз, Тири мижгон ба камонхонаи
Эй мулоимтар зи тухми нимдунбул ғабғабат,
Эй мулоимтар зи тухми нимдунбул ғабғабат, Рустаи Қаршӣ ҳаловатпарвари кунҷи лабат! К-ӯ занад бар риштаи ҷони мани маҳзун гиреҳ, Гар ҳамехоҳад, ки шайхи хонақаҳ
Гарам мекушад абруи ӯ, чӣ хуб,
Гарам мекушад абруи ӯ, чӣ хуб, Ки гӯянд: «ас-сайфу мо ҳай зунуб». Хаёли рухи ӯ ба чашми ғариб Ҳия ш-шамсу локин би айн ил-ғуруб.
Натавон бар гули рӯи ту зад аз бим гулоб,
Натавон бар гули рӯи ту зад аз бим гулоб, К-аз латофат дамадаш ойина монанди ҳубоб. Дили ман аз шикани зулфи ту натвонад раст, Ҳамчу он саъва, ки афтода ба чанг
Ман кӣ бошам, сар кашам аз хатти фармони шумо?
Ман кӣ бошам, сар кашам аз хатти фармони шумо? Ҳар чи ояд бар сарам, ман банда, ҳукм они шумо. Як сари мискин чи бошад, к-аз шумо дорам дареғ, Гар дилу ҷон аст,
Эй маҳви интизори ту чашми сафеди мо,
Эй маҳви интизори ту чашми сафеди мо, Холӣ мабод аз ту канори умеди мо. Шуд фатҳи боби маъсият аз шаш ҷиҳат, вале Бар қуфли тавба рост наёмад калиди мо.
Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро,
Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро, Қадди сарву лаби лаълу хати райҳони туро. То бар он чоки гиребон набарам дасти умед, Ҳаргиз аз каф наниҳам гӯшаи домо
Санамо, лоларухо, сарвқадо, симбаро,
Санамо, лоларухо, сарвқадо, симбаро, Ба нигоҳе накунӣ хотири мо шод чаро!? Бо ту, эй дидадаро, қасри дил аст омода, Аз раҳи дида даро бар дилам, эй дидадаро.
Ман, ки дар пои ту кардам сари савдоиро,
Ман, ки дар пои ту кардам сари савдоиро, Бохтам дар сари савдои ту муллоиро. Бурд завқи лаби ширини ту аз хотири ман Фикри дарсу тамаи лаълии ҳалвоиро.
Бисӯхт барқи фано хирмани бақои маро,
Бисӯхт барқи фано хирмани бақои маро, Бибурд сели харобӣ зи ҷо бинои маро. Чи нолаҳо, ки накардам ба кунҷи танҳоӣ, Касе надиду нафаҳмид моҷарои маро.
Рӯзгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро,
Рӯзгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро, Рӯи ҳиммат ба дами теғи фаранг аст маро. Маънии нозук аз он мӯймиён мебастам, Чи кунам, аз даҳанат қофия танг аст маро.
Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафсу ва қотилҳо,
Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафсу ва қотилҳо, Ки ин аммора мехоҳад ба чандин саъй ботилҳо. Дар ин боғи пурафсун ғулғули кӯси раҳил ояд Ба гӯши шоҳиди аврод илҳо
Ба авҷи кибриё, к-аз саъйи озодист роҳ он ҷо,
Ба авҷи кибриё, к-аз саъйи озодист роҳ он ҷо, Бикун тарки кулоҳ ин ҷо, шикан тарки кулоҳ он ҷо. Адабгоҳи таҳайюр шӯхчашмӣ барнамедорад, Диҳад тарки кулоҳ ороиши

