Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нигорино, шунидаам, ки гоҳи меҳнату роҳат

Нигорино, шунидаам, ки гоҳи меҳнату роҳат Се пираҳан талаб будааст Юсуфро ба умр-андар: Яке аз қайд шуд пурхуни, дувум шуд чок аз туҳмат, Савум Яъқубро аз бӯй равшан гашт чашми тар. Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ, Насиби ман шавад дар васл он пираҳани дигар?