Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ТАЪРИХИ АНҶОМИ «ШОҲНОМА»
Чу бугзашт сол аз барам шасту панҷ, Фузун кардам андешаи дарду ранҷ. Ба таърихи шоҳон ниёз омадам, Ба пеш ахтари дерсоз омадам.
1010. ҶАНГИ БЕЖАН БО МОҲУЙ ВА КУШТА ШУДАНИ МОҲУЙ
Чу Бежан сипаҳро ҳама рост кард, Ба эрониён-бар камин хост кард. Бидонист Моҳуй, аз он қалбгоҳ Хурӯшон бирафт аз миёни сипоҳ.
1009. ЛАШКАР КАШИДАНИ БЕЖАН БА ҶАНГИ МОҲУИ СУРӢ
Чунон то ба Бежан расид огаҳӣ, Ки Моҳуй бигрифт шоҳаншаҳӣ. Ба ҳар сӯ фиристод мӯҳру нигин, Ҳаме ром гардад бар ӯ-бар замин.
1008. БА ТАХТ НИШАСТАНИ МОҲУИ СУРӢ
Кас омад, ба Моҳуи Сурӣ бигуфт, Ки шоҳи ҷаҳон ёфт дахма нуҳуфт. Сакубову Қиссису руҳбони Рум Ҳама сӯгворони он марзу бум.
1007. КУШТА ШУДАНИ ЯЗДГИРД БА ДАСТИ ХУСРАВИ ОСИЁБОН
Чу бишнид Моҳуи бедодгар, Суханҳо куҷо гуфт бо ӯ писар. Чунин гуфт бо осиёбон, ки «хез, Саворон бубар, хуни душман бирез».
1006. ФИРИСТОДАНИ МОҲУИ СУРӢ ОСИЁБОНРО БА КУШТАНИ ЯЗДГИРД ВА ПАНДИ МӮБАДОН ДАР БОРАИ БОЗДОШТАНИ Ӯ АЗ КУШТАНАШ
Чу Моҳуй дилро баровард гирд, Бидонист, к-ӯ нест ҷуз Яздгирд. Бад-ӯ гуфт: «Биштоб аз ин анҷуман, Ҳам акнун ҷудо кун сарашро зи тан.
1005. БАРАНГЕХТАНИ МОҲУИ СУРӢ БЕЖАНРО БА ҶАНГИ ЯЗДГИРД ВА ГУРЕХТАНИ ШОҲ ДАР ОСИЁ
Яке паҳлавон буд густурдаком, Нажодаш зи Тархону Бежан ба ном. Нишасташ ба шаҳри Самарқанд буд, Дар он марз чандеш пайванд буд.
1004. РАФТАНИ ЯЗДГИРД БА ТӮС ВА ПАЗИРА ШУДАНИ МОҲУИ СУРӢ ӮРО
Аз он ҷойгаҳ баркашиданд кӯс, Ба Бусту Нишопур шуд то ба Тӯс. Хабар ёфт Моҳуи Сурӣ зи шоҳ, Ки аз марзи Тӯс андаромад сипоҳ.
1003. НОМАИ ЯЗДГИРД БА МАРЗБОНОНИ ТӮС
Яке нома бинвишт дигар ба Тӯс Пур аз хун дилу рӯй чун сандарӯс. Нахуст офарин кард бар додгар, К-аз ӯ дид нерӯву бахту ҳунар.
1002. НОМАИ ЯЗДГИРД БА МОҲУИ СУРӢ ВА БА МАРЗБОНОНИ ХУРОСОН
Ҷаҳондор чун кард оҳанги Марв, Ба Моҳуи Сурӣ куноранги Марв Яке нома бинвишт бо дарду хашм, Пур аз орзу дил, пур аз об чашм.
1001. РОЙ ЗАДАНИ ЯЗДГИРД БО ЭРОНИЁН ВА РАФТАН СӮИ ХУРОСОН
Фарухзоди Ҳурмузд бо оби чашм Аз Арвандрӯд андаромад ба хашм. Ба Карх андаромад, яке ҳамла бурд, Ки аз найзадорон намонд эч гурд.
1000. РАЗМИ РУСТАМ БО САЪДИ ВАҚҚОС ВА КУШТА ШУДАНИ РУСТАМ
Чу Шӯъба зи наздики ӯ гашт боз, Сипаҳро бифармуд, то кард соз. Бифармуд, то баркашиданд пой, Сипоҳ андаромад зи ҳар сӯ ба ҷой.
999. ПОСУХИ НОМАИ РУСТАМ АЗ САЪДИ ВАҚҚОС
Чу бишнид Саъд-он гаронмоя мард, Пазира шудаш бо сипоҳе чу гард. Фуруд оваридаш ҳам андар замон, Зи лашкар бипурсиду аз паҳлавон.
998. НОМАИ РУСТАМ БА САЪДИ ВАҚҚОС
Фиристодае низ чун барқу раъд Фиристод тозон ба наздики Саъд. Яке номае бар ҳарири сафед Нависанда бинвишт тобон чу шед.
997. ТОХТАНИ САЪДИ ВАҚҚОС БА ЭРОН ВА ФИРИСТОДАНИ ЯЗДГИРД РУСТАМРО БА ҶАНГИ Ӯ
Умар Саъди Ваққосро бо сипоҳ Фиристод, то ҷанг ҷӯяд зи шоҳ. Чу огоҳ шуд з-он сухан Яздгирд, Зи ҳар сӯ сипоҳ андаровард гирд.
996. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ЯЗДГИРД ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН
Чу бугзашт ӯ, шоҳ шуд Яздгирд, Ба моҳи сипандормуз рӯзи ирд. Чӣ гуфт он сухангӯй марди далер, Ки аз гардиши рӯз баргашт сер,
995. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ФАРрУХЗОД ВА КУШТА ШУДАНАШ БА ДАСТИ БАНДА
Зи Ҷаҳрам Фарухзодро хонданд, Бад-он тахти шоҳиш биншонданд. Чу бар тахт биншаст, кард офарин Ба некӣ ҷаҳиш бар ҷаҳонофарин.
994. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ОЗАРМДУХТ ВА МУРДАНАШ
Яке дигаре духтар Озарм ном, Зи тоҷи бузургӣ расида ба ком. Биёмад, ба тахти каён барнишаст, Гирифт ин ҷаҳони ҷаҳонро ба даст.
993. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ПӮРОНДУХТ ВА КУШТАНИ Ӯ ПИРӮЗИ ХУСРАВРО ВА СИПАРӢ ШУДАНИ РӮЗГОРАШ
Яке духтаре буд Пӯрон ба ном, Чу зан шоҳ шуд, корҳо гашт хом. Бар он тахти шоҳиш биншонданд, Бузургон бар ӯ гавҳар афшонданд.
992. КУШТА ШУДАНИ ФАРОИН БА ДАСТИ ШАҲРОН ГУРОЗ
Биёрост як рӯз пас шаҳрёр, Шуд аз шаҳр берун зи баҳри шикор. Або ӯ аз эрониён лашкаре, Ҳар он кас, ки кеҳ буд, агар меҳтаре.
991. ТАХТ СИТАДАНИ ГУРОЗ
Фароин чу тоҷи каён барниҳод, Ҳамегуфт чизе ки омад-ш ёд. Ҳаме гуфт, шоҳӣ кунӣ як замон Нишинӣ бар ин тахт-бар шодмон
990. НОХУШ БУДАНИ ГУРОЗ АЗ ПОДШОҲИИ АРДАШЕР ВА БА ЧОРАИ Ӯ КУШТА ШУДАНИ АРДАШЕР БА ДАСТИ ФИРӮЗИ ХУСРАВ
Пас огоҳӣ омад ба сӯи Гуроз, К-аз ӯ буд Хусрав ба гурму гудоз. Фиристод гӯяндаеро зи Рум, Ки дар хок шуд тоҷи Ширӯйи шум,
989. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ АРДАШЕРИ ШИРӮЙ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН
Чу биншаст бар тахт шоҳ Ардашер, Аз Эрон бирафтанд барнову пир. Басе номдорони гашта куҳан Бад-он: то чӣ гуна барояд сухан.
988. ДОСТОНИ ШИРӮЯ БО ШИРИН, ЗАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА КУШТА ШУДАНИ ШИРӮЯ
Чу овардам ин рӯзи Хусрав ба бун, Ба Ширую Ширин кушоям сухун. Чу панҷоҳу се рӯз бугзашт аз ин, Ки шуд кушта он шоҳи боофарин,
987. ХОСТАНИ БУЗУРГОН АЗ ШИРӮЙ МАРГИ ХУСРАВ ВА КУШТА ШУДАНИ Ӯ БА ДАСТИ МЕҲРҲУРМУЗД
Ҳар он кас, ки буд назди он шаҳрёр, Шабу рӯз тарсон буд аз рӯзгор. Чу Ширӯй тарсандаву хом буд, Ҳамон тахт пеш - андараш дом буд.

