Фириштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад
Фириштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад,
Чу аз латофати май дилбарам лабон лесад.
Равон зи дидаи афлокиён шавад Ҷайҳун,
Нисоли тири ту гар қабзаи камон лесад.
Ба хок хуфтаи тири ту аз ҳаловати захм
Забон баровараду захмро даҳон лесад.