Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай рӯйи ту чу рӯз далели муваҳҳидон

Ай рӯйи ту чу рӯз далели муваҳҳидон, В-ай мӯйи ту чунон чу шаби мулҳид аз лаҳад! Ай ман муқаддам аз ҳама унсурнок, чун туй, Мар ҳуснро муқаддам чунон аз калом қад. Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил, Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷад. Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳ чашмакони туст, К-омад падид зери ниқоб аз бари ду ҳад.