Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ОТАШАФШОН
Забонам нутқи шӯрангез дорад, Навоям шӯри растохез дорад. Даруни синаам оташфишон аст, Лабам фарёди оташрез дорад.
БАЙНИ ДУ САНГ
Зоҳид зи кина хонаи мардум хароб кард, Бурдам ба шайх шиква, бигуфто: Савоб кард. Қозӣ, ки айби бодапарастон ба халқ гуфт, Худ хуни халқ нӯш чу ҷоми шароб кард.
БАРҚИ ШОДӢ
Зи ҳастӣ ба ҷуз ранҷи пайҳам надидам, Даме дидаи хеш бенам надидам. Назад барқи шодӣ даме ханда бар ман, Дили хеш як лаҳза беғам надидам.
АСИР
Дили ман ба ёди Ватан метапад, Чу мурғе, ки дур аз чаман метапад. Дил андар хурӯшу забонам хамӯш, Даруни гулӯям сухан метапад.
ҒАМГУСОР
Санг будем, кӯҳсор шудем, Қатра будем, обшор шудем. Мавҷ будем, баҳр гардидем, Саркашӣ рафт, бурдбор шудем.
ПОЁНИ ШАБ
Ба дӯсти ҳунарварам Беранги Кӯҳдоманӣ Эй дил, агарчи поиз бедод менамояд, Озода бош чун сарв, афсурдагӣ нашояд. Заҳр аст ноумедӣ, дар боғи ҷон чу рӯяд,
ШАМЪИ НИМАРАВШАН
Ин ман, ки хуфта дар ман, ман нестам, ту ҳастӣ, Дар ҷон намуда маскан, ман нестам, ту ҳастӣ. Лаб бар лабам ниҳодӣ, гуфтӣ, бинол чун най, Пас дар фиғону шеван, м
ХАСТА
Ман орзуи хуфта ба қалби шикастаам, Фарёди нотамом ба тори гусастаам. Бар лаб сукуту сина пур аз доғи ҷонгудоз, Хокистарам, ки бар сари оташ нишастаам.
БАРҚ ВА ХИРМАН
Ман хостам ба пои ту, Меҳан, сар афканам, Занҷири ғурбат аст ба пову ба гарданам. Дур аз ту баҳрае зи баҳорон намебарам, Гар гул шавам, куҷост димоғи шукуфтанам
ДИДАИ ГИРЁН
Дил ҳалқаи гесӯи накӯён нагузорад, Зиндонӣ, нигар, гӯшаи зиндон нагузорад. Дар шаҳр касе нест, ки савдоии ғам нест, Гӯед ба Маҷнун, ки биёбон нагузорад.
ҚИССАГӮЙИ ПИР
Имшаб чу шамъ гирякунон қисса мекунам, Месӯзадам агарчи забон, қисса мекунам. Аз аҳди бесаботи туву умри хештан, Бо мавҷҳои оби равон қисса мекунам.
АВҶ
Бунафшазори чашми ту, маро ба боғ мебарад, Ба дил сурур медиҳад, зи сина доғ мебарад. Чу мижа боз мекунӣ, ҷаҳон фароғ мешавад, Лабат чу ханда мекунад, ғам аз ди
ФАСЛИ МАСТӢ
Ҳама кору бор як сӯ, ғами зулфи ёр як сӯ, Кашадаш сабо ба як сӯ, занадаш нигор як сӯ. Ба шаби фироқи ҷонон ту бисоти айши мо бин, Майи ноби ашк як сӯ, гули инти
СИПАНД
Табу тоби тоза додӣ, дили дардманди моро, Ба шарор ту ниҳодӣ, санамо, сипанди моро. Зи фақир то ба султон, ба яқин касе надорад, Сари пурғурури моро, тани муста
ШӮРИ ҶАВОНӢ
Эй мавҷи ношикеб, туро ин шитоб чист? Ошиқ манам, ба набзи ту ин изтироб чист? Эй баҳр, гар наёмада чун ман дилат ба танг, Дар синаи фарохи ту ин инқилоб чист?
МУЖДАИ ИД
Ман Тӯри оташдидаам, аз шавқ хокистар шудам, Худро ба оташ сӯхтам, то бо ту ҳамбистар шудам. Таййи тариқи ошиқӣ, берун зи оҳу ашк нест, Оҳе будам, гардун шудам,
ФАСЛИ ФИРЕБ
Биё, ки бо ту бигӯям даме ҳикояти гул, Ба марги ғунча зи андуҳи бениҳояти гул. Бигӯямат, ки ба фасли фиреб дар гулзор, Чӣ кард лашкари сармо ба зери рояти гул?
ДАРСИ ҲАСТӢ
Ба ғами ишқ мубтало нашавед, Дӯстон, ман шудам, шумо нашавед. Аз пайи корвон шитоб кунед, То дар ин ҷода нақши по нашавед.
ҶАЗИРАИ ГУЛ
Имрӯз ҳар чӣ бинӣ, гул дар канори дарёст, Дарёдилон биёед, фасли баҳори дарёст. Дарёст, ё ки дар дашт оина мезанад мавҷ, Мавҷ аст, ё зи мастӣ моҳӣ савори дарёст
ФАРЁДИ ХУНИН
Абри тасвирам, ки гардун бахти боронам надода, Бори ғам бар дил ниҳода, чашми гирёнам надода. Гар чу май дар худ наҷӯшам, чун кунам, чун ишқи золим Баҳри нодида
БӮЙИ ХАЗОН
Субҳе ба лаби об ба савдойи ту рафтам, Мавҷе шудаму маст ба дарёйи ту рафтам. Дунёи маро сӯхтӣ, эй ишқи ҷаҳонсӯз, Акнун караме кун, ки ба дунёйи ту рафтам.
АНДУҲ
Андуҳи ман зи чашми қалам гиря мекунад, Ё Раб, чӣ ҳолатест, ки ғам гиря мекунад? Меъёри шодмонии мо гиря кардан аст, Хушбахт он касе, ки кам гиря мекунад.
СУЛТОНИ БАҲОР
Эй дида, тамошо кун, он гумшуда ёр омад, Помоли хазон будем, султони баҳор омад. Он карда маро дилхун, баргашту нишот овард, Он рафта канор аз ман, бозам ба кан
ҚИМОР
Дарси ҳастӣ аз китоби рӯзгор омӯхтам, Ҳар чӣ бинӣ, ман аз ин омӯзгор омӯхтам. Қомати сарв аст сармашқам ба сар хуш зистан, Соя густурдан ба ёрон аз чинор омӯхта
БЕБОК
Эй ёри хароботӣ, ту оташу ман оташ, Пеш о, ки бияфрӯзам, чун гул ба чаман оташ. Ғам дораму ғам дорам, як сина алам дорам, Сеҳре ба қалам дорам, печам ба сухан о

