БАРҚ ВА ХИРМАН
Ман хостам ба пои ту, Меҳан, сар афканам,
Занҷири ғурбат аст ба пову ба гарданам.
Дур аз ту баҳрае зи баҳорон намебарам,
Гар гул шавам, куҷост димоғи шукуфтанам?
Баъд аз шабе сиёҳ, дареғо, ки ногаҳон,
Шоме дигар дамид зи фардои равшанам.
То ҳастиам тамом насӯзад, намеравад
Барқе, ки хона карда ба бунёди хирманам.
Азбас ба сӯги ҳамнафасон гиря кардаам,
Не тоби нола монда, на ёрои гуфтанам.
Чун кӯдаке, ки мешиканад шишаро ба шавқ,
Лаззат барад замона зи сози шикастанам.
То баъди марг ҳам накунад хаста хотирам,
Гӯед шайхро, ки наояд ба мадфанам.
Зоҳид агарчи дар назари сокинони шаҳр,
Ту чун фаришта поку ман олудадоманам.
Ту шод зӣ, аз он ки ба минбар нишастаӣ,
Ман хушдилам, аз ин ки на раҳбар, на раҳзанам.