ДИДАИ ГИРЁН
Дил ҳалқаи гесӯи накӯён нагузорад,
Зиндонӣ, нигар, гӯшаи зиндон нагузорад.
Дар шаҳр касе нест, ки савдоии ғам нест,
Гӯед ба Маҷнун, ки биёбон нагузорад.
Ман хостам аз дарди ман огаҳ нашавад кас,
Аммо чӣ кунам дидаи гирён нагузорад?
Аз хуни шаҳидон натавон саҳл гузаштан,
Бигзошт агар дасти ту, доман нагузорад.
Обод кун аз нимнигоҳе дили моро,
Кас хонаи худ ин ҳама вайрон нагузорад.
Фонӣ, ба ғами ишқ ҳамон беҳ, ки бисӯзам,
Хошоки ман ин оташи сӯзон нагузорад.