АСИР
Дили ман ба ёди Ватан метапад,
Чу мурғе, ки дур аз чаман метапад.
Дил андар хурӯшу забонам хамӯш,
Даруни гулӯям сухан метапад.
Вуҷудам тапишзоди савдои кист?
Пас аз марг ҳам дар кафан метапад.
Туро дид чашму дилам шуд асир,
Гунаҳкор рӯҳ асту тан метапад.
Магар барқи чашми ту парвона дид,
Ки ин гуна дар анҷуман метапад?
Шикастӣ диламро, вале то кунун
Ба ёди ту паймоншикан метапад.
Надонам, кӣ бигзашт, Фонӣ, зи боғ,
Ки гул гиря дорад, суман метапад.