Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БАРҚИ ШОДӢ

Зи ҳастӣ ба ҷуз ранҷи пайҳам надидам, Даме дидаи хеш бенам надидам. Назад барқи шодӣ даме ханда бар ман, Дили хеш як лаҳза беғам надидам. Чаро ашк бар домани дил нарезам, Ки бар гул зиёне зи шабнам надидам? Мабар номи Маҷнун чу ман зинда ҳастам, Ки дар ишқ ман ҳам аз ӯ кам надидам. Аз он дӯст дорам сари хештанро, Ки ҳаргиз ба пои касаш хам надидам. Саропои офоқ гаштем, Фонӣ, Ба захми дили хеш марҳам надидам.