Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШАМЪИ НИМАРАВШАН

Ин ман, ки хуфта дар ман, ман нестам, ту ҳастӣ, Дар ҷон намуда маскан, ман нестам, ту ҳастӣ. Лаб бар лабам ниҳодӣ, гуфтӣ, бинол чун най, Пас дар фиғону шеван, ман нестам, ту ҳастӣ. Қалби ту чун бигиряд, ояд зи чашми ман хун, Ин хуни дил ба доман, ман нестам, ту ҳастӣ. Гар хирманам бисӯзӣ, бо хеш кинатӯзӣ, Пинҳон даруни хирман, ман нестам, ту ҳастӣ. Сад раҳ ба номи душман, бастӣ камар ба хунам, Эй дӯст, бо ту душман, ман нестам, ту ҳастӣ. Шамъи ҳаёти моро дар роҳи бод магзор, К-ин шамъи нимаравшан, ман нестам, ту ҳастӣ. Фонӣ, ғазалсароӣ аз дасти мо наояд, Марди ғазал сурудан, ман нестам, ту ҳастӣ.