ПОЁНИ ШАБ
Ба дӯсти ҳунарварам Беранги Кӯҳдоманӣ
Эй дил, агарчи поиз бедод менамояд,
Озода бош чун сарв, афсурдагӣ нашояд.
Заҳр аст ноумедӣ, дар боғи ҷон чу рӯяд,
Ҳам решаро бисӯзад, ҳам ғуссаро физояд.
Гар боди номувофиқ бишкаст шохи гулро,
Ин ҳарзагарди расво то соли нав напояд.
Гар булбул аз чаман рафт дилхун мабош, зеро
З-ин дар агар бурун шуд, аз он дигар дарояд.
Гар бар сараш зи ҳар сӯ борони тир боранд,
Помир зинда монад, бар чарх сар бисояд.
Гар бандише ба корат афтод, ғусса кам хӯр,
Ҳар уқдаро хирадманд бо сабр мекушояд.
Гар чарх каҷравӣ кард, бархезу чорае кун,
Аз даст судан, эй дил, чизе ба каф наёяд.
Дар ҷангу нуру зулмат натвон сукут кардан,
Мутриб, бигӯ, бинолад, шоир, бигӯ, сарояд.
Поёни шаб қариб аст, дилро қавӣ нигаҳ дор,
Шаб чун ба охир омад, меҳри мунир зояд.