МУЖДАИ ИД
Ман Тӯри оташдидаам, аз шавқ хокистар шудам,
Худро ба оташ сӯхтам, то бо ту ҳамбистар шудам.
Таййи тариқи ошиқӣ, берун зи оҳу ашк нест,
Оҳе будам, гардун шудам, ашке будам, гавҳар шудам.
Бо ту ман, эй атри баҳор, хандон шудам, гулшан шудам,
Бе ту ман аз поизи ғам пажмон шудам, пар-пар шудам.
То ту дурахшидӣ ба ман чун бадр будам безарар,
Аз ман чу рух бартофтӣ, чун моҳи нав лоғар шудам.
То хешро нашнохтам, дӯзах ҷаҳид аз синаам,
Он гаҳ ки худро ёфтам, Тӯбо шудам, Кавсар шудам.