ШӮРИ ҶАВОНӢ
Эй мавҷи ношикеб, туро ин шитоб чист?
Ошиқ манам, ба набзи ту ин изтироб чист?
Эй баҳр, гар наёмада чун ман дилат ба танг,
Дар синаи фарохи ту ин инқилоб чист?
Он гул миёни об шино мекунад ба ноз,
Эй дил, биё, бибин, ки бидонӣ гулоб чист?
Фасли баҳору соҳилу соқию ҷоми май,
Зоҳид, маро магӯй, ки ҳукми китоб чист?
Бӯсам лаби нигору нагардам ҷудо зи ҷом,
Медонам ин қадар, ки гуноҳу савоб чист?
Соқӣ, марез бода, ки девона мешавам,
Ҷойе, ки чашми масти ту бошад, шароб чист?
Фонӣ, магӯ, ки шӯри ҷавонӣ ба сар намонд,
Дар шеъри ту таронаи аҳди шабоб чист?