СИПАНД
Табу тоби тоза додӣ, дили дардманди моро,
Ба шарор ту ниҳодӣ, санамо, сипанди моро.
Зи фақир то ба султон, ба яқин касе надорад,
Сари пурғурури моро, тани мустаманди моро.
Чу най аз даруни ҷонам, ғами дил бурун таровад,
Ба Худо, агар шикофӣ ҳама банд-банди моро.
Чу фаришта ҷуз накӯйӣ ба замири мо нагунҷад,
Нашавад, ки кас бибинад ба ҷаҳон газанди моро.
Ба сухан чу андар ояд, ҳама васфи хеш гӯяд,
Ту биёву сӯзанаш кун, дили худписанди моро.
Ба диёри ишқ, Фонӣ, биниҳод пою гум шуд,
Чӣ кунам, ки кӯдаки дил нашунид панди моро?