Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БЕБОК

Эй ёри хароботӣ, ту оташу ман оташ, Пеш о, ки бияфрӯзам, чун гул ба чаман оташ. Ғам дораму ғам дорам, як сина алам дорам, Сеҳре ба қалам дорам, печам ба сухан оташ. Ман ахгари сӯзонам, аз хайли шаҳидонам, Созанд чу пинҳонам, афтад ба кафан оташ. Аз ҷӯшишу аз мастӣ, аз қаҳру забардастӣ, Дар кӯраи худ ҳастӣ, кам дида чу ман оташ. Бо дӯст чунон покам, бо ғайр чи бебокам, Як ҷо ҳама тан обам, як ҷо ҳама тан оташ. Худ сӯзию худ созӣ, дар оташам андозӣ, Он гоҳ ба таннозӣ, гӯӣ,ки мазан оташ.