Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ФАРЁДИ ХУНИН

Абри тасвирам, ки гардун бахти боронам надода, Бори ғам бар дил ниҳода, чашми гирёнам надода. Гар чу май дар худ наҷӯшам, чун кунам, чун ишқи золим Баҳри нодидан фазое дар биёбонам надода. Гарчи аз ҳастӣ пушаймонам, вале пири аҷал ҳам То бидонам қадри мурдан, марги осонам надода. Аз кадомин барқи Сино Тӯри ҷонам муштаъил шуд? Ишқ агар аз доғи дил хуршеди тобонам надода. Аз ғуборам шуъла рӯёниду хокамро шарар зад, Ройгон тарроҳи ҳастӣ номи инсонам надода. Арсаи ҷавлон чу набвад, саъйи фитрат ноқис афтад, Мавҷи мастам, лек дарё дарси тӯфонам надода. Фонӣ, аз фарёди хунин дар дили шабҳои тира, Мезадам оташ, валекин ишқ фармонам надода.