Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АВҶ

Бунафшазори чашми ту, маро ба боғ мебарад, Ба дил сурур медиҳад, зи сина доғ мебарад. Чу мижа боз мекунӣ, ҷаҳон фароғ мешавад, Лабат чу ханда мекунад, ғам аз димоғ мебарад. Дили маро хаёли ту ба авҷи қисса мекашад, Ғизолае ғизолро ба сӯи доғ мебарад. Ба мижаи сиёҳи худ дилам шикор кардаӣ, Уқоби саркаши маро, бибин, ки зоғ мебарад. Фурӯғи ишқ, то ки ҳаст, маро зи марг бим нест, Дилам ба зери хок ҳам, ҳамин чароғ мебарад. Ба тору пуди шеъри ту чӣ накҳат аст, Фониё? Ки байт-байти ин ғазал маро ба боғ мебарад.