Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
836. ДОСТОНИ РАЗМИ ХОҚОНИ ЧИН БО ҲАЙТОЛИЁН
Чунин гуфт пурмоя деҳқони пир, Сухан ҳар чӣ з-ӯ бишнавӣ, ёд гир, Ки аз номдорони бофарру дод Ба мардони ҷангиву ганҷи нажод,
835. СОХТАНИ НӮШИНРАВОН ШОРСОНИ СУРСОНРО
Кунун кори Зарвону марди ҷуҳуд Сар ояд, хирадро бибояд сутуд. Агар додгар бошӣ, эй шаҳрёр, Бимониву номат бувад ёдгор.
834. БАЗМИ ПАНҶУМИ НӮШИНРАВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН
Бар ин низ бугзашт як ҳафта рӯз, Ба ҳаштум чу бифрӯхт гетифурӯз, Бияндохт он чодари ложвард, Биёрост гетӣ ба дебои зард.
833. БАЗМИ ЧАҲОРУМИ НӮШИНРАВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН
Ду ҳафта бар ин низ бугзашту шоҳ Бипардахт рӯзе зи кори сипоҳ. Бифармуд, то мӯбадону радон Ба айвон хироманд бо бихрадон.
832. БАЗМИ СЕВУМИ НӮШИРВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН
Чу як ҳафта бугзашт, ҳаштум пагоҳ Нишаст аз бари гоҳ пирӯз шоҳ. Бихонд он касеро, ки доно буданд, Ба гуфтору дониш тавоно буданд.
831. БАЗМИ ДУВУМИ ШОҲ НӮШИНРАВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН
Дигар ҳафта равшан дили шаҳрёр, Ҳаме буд донандаро хостор. Дил аз кори гетӣ ба як сӯ кашид, Куҷо хост гуфтори доно шунид.
830. БАЗМИ НӮШИНРАВОН БО МӮБАДОН ВА ПАНД ГУФТАНИ БУЗАРҶМЕҲР
Чунон буд, ки як рӯз бинҳод хон, Бифармуд, к-«Ин мӯбадонро бихон, Ки бошанд донову донишпазир, Сарояндаву боҳушу ёдгир.
829. ГУЗОРДАНИ БУЗАРҶМЕҲР ХОБИ КИСРОРО
В-аз он беша пӯён ба роҳ омаданд, Хиромон ба наздики шоҳ омаданд. Фиристода аз пеши кӯдак бирафт, Бари тахт Кисро хиромид тафт.
828. ХОБ ДИДАНИ НӮШИНРАВОН ВА БА ДАРГОҲ ОМАДАНИ БУЗАРҶМЕҲР
Кунун дар суханҳои Бузарҷмеҳр Яке тозатар баркушоем чеҳр. Нигар, хобро беҳуда нашмарӣ, Яке баҳра донаш зи пайғамбарӣ.
827. РАЗМИ РОМБАРЗИН БО НӮШЗОД ВА КУШТА ШУДАНИ НӮШЗОД
Бигуфт ин сухан пеши Пирӯзи пир, Бипӯшид рӯи ҳаво парри тир. Бирафтанд гурдони лашкар зи ҷой, Хурӯш омад аз кӯсу аз карраной.
826. ҶАНГ СОХТАНИ РОМБАРЗИН БО НӮШЗОД ВА ПАНД ДОДАНИ ПИРӮЗ НӮШЗОДРО
Ниҳоданд бар нома-бар мӯҳри шоҳ, Фиристода баргашта пӯён ба роҳ. Чу аз раҳ сӯи Ромбарзин расид, Бигуфт, он чи аз шоҳ Кисро шунид.
825. НОМАИ НӮШИНРАВОН БА РОМБАРЗИН, НИГАҲБОНИ МАРЗИ МАДОИН, ДАР БОРАИ ГИРИФТОР КАРДАНИ НӮШЗОД
Яке нома бинвишт пурдоғу дард, Пурожанг рух, лаб пур аз боди сард. Нахустин бар он офарин густарид, Ки чарху замону замин офарид.
824. БЕМОР ШУДАНИ НӮШИНРАВОН ВА ФИТНА БАРПО ЗАДАНИ НӮШЗОД
Ҳам аз Нӯшзод омад ин достон, Ки ёд омад аз гуфтаи бостон. Чу бишнид фарзанди Кисро, ки тахт Бипардахт аз он хусравонӣ дарахт.
823. ДОСТОНИ НӮШЗОД ПИСАРИ НӮШИНРАВОН ВА ЗАНЕ ТАРСО
Ҷаҳондор Кисро чу хуршед буд, Ҷаҳонро аз ӯ биму уммед буд. Бад-ин сон равад офтоби сипеҳр, Ба як даст шамшеру як даст меҳр.
822. ПАЙҒОМИ ҚАЙСАР НАЗДИ НӮШИРВОН БО БОЖУ СОВ
Чу бишнид Қайсар, дилаш хира гашт, Зи Нӯширавон ройи ӯ тира гашт. Гузин кард аз он файласуфони Рум, Сухангӯю бодонишу покбум.
821. ОШТӢ ҶУСТАНИ ҚАЙСАРИ РУМ АЗ НӮШИНРАВОН
Пас огоҳӣ овард Фарфуриюс, Бигуфт, он чи омад ба Қолиниюс, Ба Қайсар чунин гуфт, к-«Омад сипоҳ, Ҷаҳондида Кисрову пилону гоҳ.
820. ОБОД КАРДАНИ НӮШИНРАВОН ШАҲР БА МОНАНДИ АНТОКИЯ ВА НИШОНДАН ДАР ИН АСИРОНИ РУМИРО
Бигардид бар гирди он шаҳр шоҳ, Замин дид рахшонтар аз чархи моҳ. Зи боғу зи майдону оби равон Ҳаме тоза шуд пиргашта ҷавон.
819. РАЗМ КАРДАНИ НӮШИНРАВОН БО ФАРФУРИЮСИ РУМӢ ВА ГИРИФТАНИ ҚОЛИНИЮС ВА АНТОКИЯ
В-аз он ҷойгаҳ лашкар андаркашид, Аз Ороиши Рум бартар кашид. Кас омад, бигуфт ин, ки Қайсар сипоҳ Фиристоду инак, ки омад зи роҳ.
818. ДИЖҲО ГИРИФТАНИ НӮШИНРАВОН ДАР БУМИ РУМ
Чунин то биёмад бад-он шорсон, Ки Шӯроб буд номи он корсон. Баровардае дид сар дар ҳаво, Пур аз мардуму сози ҷангу наво.
817. ЛАШКАР КАШИДАНИ НӮШИНРАВОН БА ҶАНГИ ҚАЙСАРИ РУМ
Чу бархонд он номаро шаҳрёр, Барошуфт бо гардиши рӯзгор. Ҳама мӯбадону радонро бихонд, В-аз он нома чанде суханҳо биронд,
816. РАСИДАНИ НОМАИ НӮШИНРАВОН НАЗДИ ҚАЙСАР ВА ФИРИСТОДАНИ ҚАЙСАР ПОСУХИ ОН
Фиристода бо номаи шаҳрёр Биёмад бари Қайсари номдор. Бар ӯ офарин карду нома бидод, Ҳама ройи Кисро бад-ӯ кард ёд.
815. НОМА ФИРИСТОДАНИ НӮШИНРАВОН НАЗДИКИ ҚАЙСАРИ РУМ ВА ПОСУХИ Ӯ
Нависандае хост аз боргоҳ, Ба Қайсар яке нома фармуд шоҳ. Зи Нӯшинравон шоҳи фаррухнажод, Ҷаҳонгиру зиндакуни Кайқубод
814. ФАРЁД ХОСТАНИ МУНЗАРИ ТОЗӢ АЗ БЕДОД КАРДАНИ ҚАЙСАРИ РУМ
Зи Гелон ба роҳи Мадоин кашид, Шумору канори сипаҳро надид. Ба раҳ-бар яке лашкари бекарон Падид омад аз дур найзаварон.
813. САЗО ДОДАНИ КИСРО АЛОНОН ВА БаЛУҶИЁН ВА ГЕЛОНИЁНРО
Зи дарё ба роҳи Алонон кашид, Яке марзи вайрони бекор дид. Ба озодагон гуфт: «Нанг аст аз ин, Ки вайрон бувад рӯи Эронзамин.
812. БАРГАШТАНИ НӮШИНРАВОН ГИРДИ ПОДШОҲИИ ХЕШ
Хирадманд Кисро чунон кард рой, К-аз он марз лахте биҷунбад зи ҷой. Бигардад яке гирди хуррам ҷаҳон, Кушода кунад корҳои ниҳон.