Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
936. ГУРЕХТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА АЗ ПЕШИ ХУСРАВ ВА РАСИДАН НАЗДИ ХОҚОНИ ЧИН
Чу хуршеди равшан биёрост гоҳ, Талоя биёмад зи наздики шоҳ. Ба пардасарой-андарун кас надид, Ҳамон хайма бар пою кас нопадид.
935. ҶАНГИ СЕЮМИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА ШИКАСТА ШУДАНИ БАҲРОМ
Ҳамон гаҳ зи кӯҳ андаромад сипоҳ, Ҷаҳон шуд зи гарди саворон сиёҳ. В-аз он рӯй Баҳром лашкар биронд, Ба рӯз - андарун рӯшноӣ намонд.
934. Нахустин аз ин ҷангиён доми хеш
Набишта биёварду бинҳод пеш. Дигар гурд Шопур бо Андиён, Чу Биндӯю Гардӯйи пушти каён, Чу Озаргушаспу агар Шердил,
933. ҶАНГИ ПАҲЛАВОНОНИ ХУСРАВ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Чу барзад зи дарё дирафши сапед, Ситора шуд аз тирагӣ ноумед. Табиразанон аз ду пардасарой Бирафтанд бо пилу бо карраной.
932. Зи бас кушта андар миёни сипоҳ
Бимонданд, бар ҷою барбаст роҳ. Аз он румиён кушта шуд лашкаре, Ҳар он кас, ки буд з-он далерон саре. Дили Хусрав аз дарди эшон бихаст,
931. РАЗМИ ХУСРАВ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА КУШТА ШУДАНИ КуТИ РУМӢ
Чу хуршед барзад сар аз тиракӯҳ, Хурӯше баромад зи ҳар ду гурӯҳ, Ки гуфтӣ замин гашт гардонсипеҳр, Гар аз теғҳо тира шуд рӯи меҳр.
930. СИПОҲ РОНДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҶАНГИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ҲАЗИМАТ КАРДАН РУМИЁНРО
Чу марди ҷаҳонҷӯй нома бихонд, Ҳаворо бихонду хирадро биронд. Аз он номаҳо сози рафтан гирифт, Бимонданд эрониён з-он шигифт.
929. ОГОҲ ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА АЗ БОЗГАШТАНИ ХУСРАВ ВА НОМА НАВИШТАН БА САРДОРОНИ ЭРОН
Чу омад ба Баҳром аз он огаҳӣ, Ки тоза шуд он фарри шоҳаншаҳӣ. Ҳамон гаҳ зи лашкар яке номҷӯй Нигаҳ кард бодонишу обрӯй,
928. ЛАШКАР КАШИДАНИ ХУСРАВ БА СӮИ ОЗАРОБОДАГОН
Ба ҳафтум биёрост хуршед чеҳр, Сипаҳро ба кирдори гардонсипеҳр. Зи даргоҳ бархост овои кӯс, Ҳаво шуд зи гарди сипаҳ обнӯс.
927. ФИРИСТОДАНИ ҚАЙСАР ЛАШКАР ВА ДУХТАР НАЗДИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
В-аз он пас чу донист, к-омад сипоҳ, Ҷаҳон шуд зи гарди саворон сиёҳ. Гузин кард аз он румиён сад ҳазор, Ҳама номдорони дар корзор.
926. ГУЗОРИШ КАРДАНИ ХАРРОД БАР ДИНИ ҲИНДУВОН
Бад-ӯ гуфт қайсар, ки «ҷовид зӣ, Ки дастурии хусравонро сазӣ. Яке хона дорам ба айвон шигифт, К-аз он бартар андоза натвон гирифт.
925. ТИЛИСМ СОХТАНИ РУМИЁН ВА ОЗМОИШ КАРДАН ЭРОНИЁНРО
Чу хуршеди гарданда беранг шуд, Ситора ба бурҷи шабоҳанг шуд. Бифармуд қайсар ба найрангсоз, Ки пеш орад андешаҳои дароз.
924. АҲДНОМА НАВИШТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ФИРИСТОДАН НАЗДИ ҚАЙСАР
Чу он нома наздики Хусрав расид, Зи пайвастан огоҳии нав расид. Ба эрониён гуфт, к-«имрӯз меҳр Дигаргуна гардад ҳаме бар сипеҳр.
923. НОМА НАВИШТАНИ ҚАЙСАР БА ХУСРАВИ ПАРВИЗ ДИГАР БОР
Ҳамон гаҳ яке нома бинвишт зуд, Бар он офарин офарин барфузуд, Ки бо мӯбади якдилу покрой Задем аз баду нек мо пок рой.
922. НОМАИ ДИГАР АЗ ҚАЙСАР БА ХУСРАВ ДАР БОРАИ ЁРӢ КАРДАН БО Ӯ
Чу қайсар нигаҳ карду нома бихонд, Зи ҳар гуна андеша дар дил биронд. В-аз он пас ба дастури пурмоя гуфт, Ки «ин розҳо бозҷӯй аз нуҳуфт.
921. НОМАИ ҚАЙСАР БА ХУСРАВ ВА ПАҲЛӮ ТИҲӢ КАРДАН АЗ ЁРИИ Ӯ ВА ПОСУХИ ОН АЗ ХУСРАВ
Зи бегона қайсар бипардохт ҷой, Пурандеша биншаст бо раҳнамой. Ба мӯбад чунин гуфт, к-«ин додхоҳ Зи гетӣ гирифтаст моро паноҳ.
920. ПОСУХИ НОМАИ ХУСРАВ АЗ ҚАЙСАР
Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд, Бар он пешгоҳи бузургӣ нишонд. Бифармуд, то нома посух навишт, Биёрост чун марғзори биҳишт.
919. НОМА ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БА ҚАЙСАРИ РУМ
Чу омад бад-он шорсон шаҳрёр, Савор омад аз қайсари номдор. Ки чизе к-аз ин марз хоҳӣ, бихоҳ, Мадор орзуро зи шоҳон нигоҳ,
918. РОЙ ЗАДАНИ ЭРОНИЁН ВА БАҲРОМ АЗ БАҲРИ ПОДШОҲӢ ВА БАР ТАХТ НИШОНДАН ӮРО
Чу хуршед ханҷар кашид аз наиём, Падид омад он митрафи зардфом. Фиристоду гарданкашонро бихонд, Бар афкандаи тоҷдорон нишонд.
917. БУРДАНИ БАҲРОМИ СИЁВУШ БаНДӮЙРО ПЕШИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Чу рӯи замин гашт хуршедфом, Сухангӯй-Бандӯй баршуд ба бом. Ба Баҳром гуфт: «Эй ҷаҳондида мард, Бад-он гаҳ, ки бархост аз дашт гард,
916. РАФТАНИ ХУСРАВ БА РУМ
Чу Баҳром рафт андар айвони шоҳ, Гузин кард аз он лашкари кинахоҳ Зиреҳдору шамшерзан шаш ҳазор, Бад-он, то шаванд аз паси шаҳрёр,
915. ГУРЕХТАНИ ХУСРАВ БА РУМ ВА КУШТА ШУДАНИ ПАДАРИ Ӯ ҲУРМУЗД
В-аз он ҷойгаҳ шуд ба назди падар, Ду дида пур аз хуну хаста ҷигар. Чу рӯи падар дид, бурдаш намоз, Ҳаме буд пешаш замоне дароз.
914. ШАБЕХУН КАРДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БАР ЛАШКАРИ ХУСРАВ ВА ГУРЕХТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Зи лашкар гузин кард Баҳроми шер, Сипоҳе ҷаҳонгиру гурду далер. Чу карданд бо ӯ дабирон шумор, Сипаҳ буд шамшерзан шаш ҳазор.
913. РОЙ ЗАДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БО СИПАҲДОРОН ВА МӮБАДОНИ ХУД
В-аз он рӯй шуд шаҳрёри ҷавон, Чу бугзашт шод аз пули Наҳравон. Ҳама меҳтаронро зи лашкар бихонд, Сазовор бар тахти шоҳӣ нишонд.
912. ПАНД ДОДАНИ ГУРДИЯ БАРОДАРИ ХУД БАҲРОМРО
Чу хоҳар-ш бишнид, к-омад зи роҳ, Бародар-ш баргашт аз пеши шоҳ. Биандохт он номдор афсараш, Биёвард фармонбари чодараш.