Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
236. КУШТАНИ ФАРОМАРЗ ВАРОЗОДРО
Сипаҳро Фаромарз буд пешрав, Ки фарзанди ӯ буду солори нав. Ҳаме рафт, то марзи Турон расид, Ки аз дидагаҳ дидбонаш бидид.
235. КУШТАНИ РУСТАМ СУДОБАРО ВА ЛАШКАР КАШИДАН
Нигаҳ кард Ковус дар чеҳри ӯй, Чунон ашки хунину он меҳри ӯй. Надод эч посух мар ӯро зи шарм, Фурӯ рехт аз дидагон оби гарм.
234. РАСИДАНИ РУСТАМ БА НАЗДИ КОВУС
Пас огоҳӣ омад сӯи Нимрӯз, Ба наздики солори гетифурӯз, Ки аз шаҳри Эрон баромад хурӯш, Зи марги Сиёвуш ҷаҳон шуд ба ҷӯш.
233. ОГОҲ ШУДАНИ КОВУС АЗ КОРИ СИЁВУШ
Чу огоҳӣ омад ба Ковусшоҳ, Ки шуд рӯзгори Сиёвуш табоҳ, Ба кирдори мурғон сарашро зи тан Ҷудо кард солори он анҷуман.
232. ШИКОЯТИ ФИРДАВСӢ АЗ ПИРИИ ХУД
Чу омад ба наздики сар теғи шаст, Мадеҳ май, ки аз сол шуд мард маст. Ба ҷои инонам асо дод сол, Пароканда шуд молу баргашт ҳол.
231. БОЗГАШТАНИ КАЙХУСРАВ БА СИЁВУШГИРД
Сипаҳбад бад-ӯ гуфт: «Лахте шитоб», Биёвардаш аз пеши Афросиёб. Ба айвони хеш омад афрӯхта, Хиромону чашми бадӣ дӯхта.
230. ОВАРДАНИ ПИРОН КАЙХУСРАВРО ПЕШИ АФРОСИЁБ
Шаби тира, хангоми орому хоб Кас омад зи наздики Афросиёб. Шаҳи номвар паҳлавонро бихонд, Гузашта суханҳо бар ӯ-бар биронд.
229. СУПУРДАНИ ПИРОН КАЙХУСРАВРО БА ШУБОНОН
Шубонони кӯҳи Қулуро бихонд, В-аз он шоҳзода суханҳо биронд. Бад-эшон супурд он дилу дидаро, Чунон нек пури писандидаро.
228. АНДАР ЗОДАНИ КАЙХУСРАВ
Шаби тирагун, моҳ пинҳон шуда, Ба хоб-андарун мурғу дому дада. Чунон дид солор Пирон ба хоб, Ки шамъе барафрӯхта з-офтоб,
227. РАҲОНИДАНИ ПИРОН ФАРАНГИСРО
Чу бишнид Пирон чунин гуфтугӯй, Хурӯшону ҷӯшон баромад ба кӯй. Зи охур биёвард пас паҳлавон Даҳ аспи савор, озмуда гавон.
226. КУШТА ШУДАНИ СИЁВУШ БА ДАСТИ ГУРӮЙ
Нигаҳ кард Гарсеваз андар Гурӯй Гурӯи ситамгар бупечид рӯй. Биёмад, ба пеши Сиёвуш расид, Ҷавонмардиву шарм шуд нопадид.
225. ЗОРӢ КАРДАНИ ФАРАНГИС ПЕШИ АФРОСИЁБ
Фарангис бишнид, рухро бихаст, Миёнро ба зуннори хунин бибаст. Пиёда биёмад ба наздики шоҳ, Ба хун ранг дода рухон ҳамчу моҳ.
224. ГИРИФТОР ШУДАНИ СИЁВУШ БА ДАСТИ АФРОСИЁБ
Чу ин карда шуд, сози рафтан гирифт, Зи бахти бади хеш монда шигифт. Худу саркашон сӯи Эрон кашид, Рух аз хуни дида шуда нопадид.
223. АНДАРЗ КАРДАНИ СИЁВУШ ФАРАНГИСРО
Сиёвуш бад-ӯ гуфт, к -«Он хоби ман Ба ҷой омаду тира шуд оби ман. Маро зиндагонӣ сар омад ҳаме, Ғами рӯзи талх андаромад ҳаме.
222. ХОБ ДИДАНИ СИЁВУШ
Се рӯз андар ин кор бигрист зор Аз он бевафо гардиши рӯзгор. Чаҳорум шаб андар бари моҳрӯй Ба хоб-андарун буд дайҳимҷӯй.
221. ОМАДАНИ АФРОСИЁБ БА ҶАНГИ СИЁВУШ
Чу бишнид Афросиёб ин сухан, Бар ӯ тоза шуд рӯзгори куҳан. Дилаш гашт пуроташу сар зи бод, Ба Гарсеваз аз хашм посух надод.
220. НОМАИ СИЁВУШ БА АФРОСИЁБ
Дабири пижӯҳандаро пеш хонд, Суханҳои огандаро барфишонд. Нахуст офаринандаро ёд кард, Ки ӯ бандаро аз ғам озод кард.
219. БОЗ ОМАДАНИ ГАРСЕВАЗ БА НАЗДИ СИЁВУШ
Баророст Гарсевази домсоз, Дили пур зи кина, сари пур зи роз. Чу наздики шаҳри Сиёвуш расид, Зи лашкар забоноваре баргузид.
218. БОЗГАШТАНИ ГАРСЕВАЗ ВА БАДГӮӢ КАРДАН ПЕШИ АФРОСИЁБ
Чунин то ба даргоҳи Афросиёб Бирафту накард эч орому хоб. Чу наздики солори туронсипоҳ Расиду бипурсид ҳар гуна шоҳ.
217. ГУФТОР АНДАР ГӮЙ ЗАДАНИ СИЁВУШ
Чу хуршеди тобанда бикшод роз, Ба ҳар ҷой бинмуд чеҳр аз фароз, Сиёвуш аз айвон ба майдон гузашт, Ба бозӣ ҳаме гирди майдон бигашт.
216. ЗОДАНИ ФУРУД - ПИСАРИ СИЁВУШ
Ҳамон гаҳ ба назди Сиёвуш чу бод Биёмад саворе, варо мужда дод, Ки аз духтари паҳлавони сипоҳ Яке кӯдак омад чу тобанда моҳ.
215. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ ГАРСЕВАЗРО НАЗДИ СИЁВУШ
Ба Гарсеваз он достонҳо бигуфт, Нуҳуфта бурун оварид аз нуҳуфт: «Бирав шодмон то Сиёвахшгирд, Бубин, то чӣ ҷой аст, баргард гирд.
214. ОМАДАНИ ПИРОН БА СИЁВУШГИРД
Чу Пирон биёмад зи Ҳинду зи Чин, Сухан рафта з-он шаҳри боофарин. Ханида ба Турон Сиёвахшгирд, К-аз ахтар чунин карда шуд рӯзи ирд.
213. БИНО КАРДАНИ СИЁВУШ СИЁВУШГИРДРО
Ҳаюне зи наздики Афросиёб Чу оташ биёмад ба ҳангоми хоб. Яке нома назди Сиёвуш ба меҳр Навишта ба кирдори равшансипеҳр,
212. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ ПИРОНРО ДАР КИШВАРҲО
Бибуданд аз ин гуна як ҳафта шод, Зи шоҳони гетӣ гирифтанд ёд. Ба ҳаштум яке нома омад зи шоҳ Ба наздики солори туронсипоҳ.