Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
311. ҶАНГИ ДУВУМИ ЭРОНИЁН ВА ТУРОНИЁН
Чу чархи баланд аз шаб аз тоҷ кард, Шамома пароканд бар ложвард, Талоя зи ҳар сӯ бурун тохтанд, Ба ҳар пардае посбон сохтанд.
310. ҶАНГИ ҲУМОН БО ТУС
Ба аспи уқоб андаровард пой, Барангехт он боркашро зи ҷой. Ту гуфтӣ яке бораи оҳан аст, Ва ё кӯҳи Албурз дар ҷавшан аст.
309. КУШТАНИ ТУС АРЖАНГРО
Яке номдоре буд, Аржанг ном, Ба абр андароварда аз ҷанг ном. Барангехт аз дашти овард гард, Аз эрониён ҷуст ҷангу набард.
308. СИПОҲ ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ БА НАЗДИКИ ПИРОН
Ҳаюне фиристод ҳангоми хоб Сароянда наздики Афросиёб, К-«Аз Эрон сипоҳ омаду бӯқу кӯс Або лашкари Геву Гударзу Тӯс.
307. ПАЙҒОМИ ПИРОН БА ЛАШКАРИ ЭРОН
Ҳаюне ба кирдори боди дамон Бишуд назди Пирон ҳам андар замон, Ки «Ман ҷангро гардан афрохта, Сӯи рӯди Шаҳд омадам сохта».
306. ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВ ТУСРО БА ТУРОН
Чу хуршеди тобанда омад падид, Сапеда зи хамми камон бардамид, Сипаҳбад биёмад ба наздики шоҳ Ба ҳам бо бузургони эронсипоҳ.
305. ОМУРЗИШ КАРДАНИ ХУСРАВ ЭРОНИЁНРО
Чу шуд рӯи гетӣ зи хуршед зард, Ба хум андаромад шаби лоҷвард. Баромад хурӯш аз дари боргоҳ, Таҳамтан биёмад ба наздики шоҳ.
304. ХОР КАРДАНИ ХУСРАВ ТУСРО
Зи Турон Фарибурз бо анҷуман, Чу Гударзу чун Геви лашкаршикан, Ҳама сӯгвору пур аз об рӯй Сӯи роҳи Эрон ниҳоданд рӯй.
303. ПОДШОҲИИ КАЙХУСРАВ ДОСТОНИ КОМУСИ КАШОНӢ ОҒОЗИ ДОСТОН
Ба номи худованди хуршеду моҳ, Ки дилро ба номаш хирад дод роҳ, Худованди ҳастиву ҳам ростӣ, Нахоҳад зи ту кажживу костӣ,
302. БОЗГАШТАНИ ЭРОНИЁН БА НАЗДИ ХУСРАВ
Чу барзад сар аз кӯҳ тобанда шед, Баромад сару тоҷи рӯзи сапед. Сипоҳи пароканда гирд омаданд, Ҳаме ҳар касе достонҳо заданд,
301. КУШТАНИ ГЕВ ТАЖОВРО БА КИНИ БАҲРОМ
Чу хуршеди тобанда бинмуд пушт, Ба дил гашт Гев аз бародар дурушт. Ба Бежан чунин гуфт, к-«Эй дилкушой, Бародар ҳаме н-оядам боз ҷой.
300. КУШТА ШУДАНИ БАҲРОМ БАР ДАСТИ ТАЖОВ
Чу лашкар биёмад бари паҳлавон, Бигуфтанд бо ӯ зи кори ҷавон. Фаровон сухан рафт аз он размсоз, Зи пайкори ӯ ошкорову роз.
299. БОЗГАШТАНИ БАҲРОМ БА ҶУСТАНИ ТОЗИЁНА БА РАЗМГОҲ
В-аз он пас чу ҳар ду сипаҳ орамид, Шаби тира як баҳра андар кашид, Давон рафт Баҳром пеши падар, Ки «Эй боби номовари пурҳунар,
298. ШИКАСТА ШУДАНИ ЭРОНИЁН БА ҶАНГИ ТУРКОН
Чу омад сари моҳу ҳангоми ҷанг, Зи паймон нагаштанду аз ному нанг. Зи ҳар сӯ баромад хурӯши сипоҳ, Бирафтанд яксар сӯи размгоҳ.
297. ДИРАНГ ХОСТАНИ ФАРИБУРЗ АЗ ПИРОН ДАР ҶАНГ
Фарибурз бинҳод бар сар кулоҳ, Ки ҳам паҳлавон буду ҳам пури шоҳ. В-аз он пас бифармуд Руҳҳомро, Ки пайдо кунад богуҳар номро.
296. БОЗХОНДАНИ КАЙХУСРАВ ТУСРО
Раванда бари шоҳ бурд огаҳӣ, Ки тира шуд он рӯзгори беҳӣ. Чу шоҳи далер он суханҳо шунид, Биҷӯшиду аз ғам дилаш бардамид.
295. ШАБЕХУН КАРДАНИ ПИРОН БАР ЭРОНИЁН
Гузин кард он лашкари номдор Саворони шамшерзан сӣ ҳазор. Бирафтанд ниме гузашта зи шаб, На бонги табира, на бӯқу ҷалаб.
294. ОГОҲ ШУДАНИ АФРОСИЁБ АЗ ТУС ВА СИПОҲИ Ӯ
Тажови ғамӣ бо ду дида пуроб Чу омад ба наздики Афросиёб, Чунин гуфт, к-«Омад сипаҳдор Тус, Яке лашкар овард бо бӯқу кӯс.
293. РАЗМИ ЭРОНИЁН БО ТАЖОВ
Чу хуршед барзад ба ҳомун дурафш, Дами шаб шуд аз ханҷари ӯ бунафш. Тажови сипаҳбад бишуд бо сипоҳ, Ба Эрон хурӯш омад аз дидгоҳ,
292. ГИРИФТАНИ БАҲРОМ КАБУДАРО
Сипаҳбад чу лашкар бар ӯ гирд шуд, Аз оташ ба роҳи Гиравгирд шуд. Сипоҳ андаромад, чунон чун сазад, Ҳама кӯҳу ҳомун саропарда зад.
291. БА ТАНГ ОМАДАНИ ЭРОНИЁН АЗ БОРИДАНИ БАРФ
В-аз он пас хабар шуд ба Афросиёб, Ки шуд марзи Турон чу дарёи об. Сӯи Косарӯд андаромад сипоҳ, Замин шуд зи кини Сиёвуш сиёҳ.
290. ЛАШКАР КАШИДАНИ ТУС БА КОСАРӮД ВА КУШТА ШУДАНИ ПАЛОШОН АЗ ДАСТИ БЕЖАН
Чу Туси сипаҳбад зи ҷанги Фуруд Бипардахту омад аз он куҳ фуруд, Се рӯзаш диранг омад андар Чарам, Чаҳорум баромад зи шайпур дам.
289. КУШТАНИ ҶАРИРА ХУДРО
Фуруди Сиёвахш бекому ном Чу шуд з-ин ҷаҳон норасида ба ком, Парастандагон бар сари диж шуданд, Ҳама хештан бар замин барзаданд.
288. КУШТА ШУДАНИ ФУРУД
Чу хуршеди тобанда шуд нопадид, Шаби тира бар чарх лашкар кашид. Далерони диждор марде ҳазор Ба сӯи калот андаромад савор.
287. ҶАНГИ БЕЖАН БО ФУРУД
Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон бо Тахор, Ки «Омад ба наввӣ яке номдор. Нигаҳ кун, бубин, то варо ном чист, Бар ин марди ҷангӣ кӣ хоҳад гирист?»