Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
336. РАФТАНИ ЧИНГИШ БА (ҶАНГИ) РУСТАМ
Саворе тануманди хусравпараст Биёмад, ба бар зад дар ин кор даст, Ки Чингиш будаш ному ҷӯянда буд, Далеру ба ҳар ҷой пӯянда буд.
335. ДОСТОНИ РУСТАМ БО ХОҚОНИ ЧИН ХАБАР ЁФТАНИ ХОҚОН АЗ КУШТА ШУДАНИ КОМУС
Кунун, эй хирадманди равшанравон, Ба ҷуз номи Яздон магардон забон, Ки ӯяст бар некуӣ раҳнамой, Аз ӯяст гардуни гардон ба ҷой.
334. КУШТА ШУДАНИ КОМУС БА ДАСТИ РУСТАМ
Таҳамтан зи Алво бишуд дардманд, Зи фитрок букшод печон каманд. Чу оҳанги ҷанги ялон доштӣ, Камандеву гурзе гарон доштӣ.
333. КУШТА ШУДАНИ АЛВО БА ДАСТИ КОМУС
Баромад зи ҳарду сипаҳ бӯқу кӯс, Намонд эч роҳи фусуну фусӯс. Ҳаме ларз-ларзон шуда дашту кӯҳ, Замин шуд зи наъли сутурон сутӯҳ.
332. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ТУРОНИЁН ВА ЭРОНИЁН
Зи хуршед чун шуд ҳаво лаълфом, Шаби тира бар чарх бугзорд гом. Далерони лашкар шуданд анҷуман, Ки буданд донову шамшерзан.
331. ПУРСИДАНИ ПИРОН АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ
Биёмад пурандешаву рӯйзард, Бипурсид аз он номдорони мард. Ба Пирон чунин гуфт Ҳумони гурд, Ки «Душман надорад хирадманд хурд.
330. РАЗМИ РУСТАМ БО АШКБӮС
Далере, ки буд номи ӯ Ашкбӯс, Ҳаме бархурӯшид бар сони кӯс. Биёмад, ки ҷӯяд аз Эрон набард, Сари ҳамнабард андарорад ба гард.
329. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ТУРОНИЁН ВА ЭРОНИЁН
Чу аз кӯҳ бифрӯхт гетифурӯз, Ду зулфи шаби тира бигрифт рӯз. Аз он чодари қир берун кашид, Ба дандон лаби моҳ дар хун кашид.
328. РАСИДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ЭРОНИЁН
Чу гардун тиҳӣ шуд зи хуршеду моҳ, Талоя баромад зи ҳарду сипоҳ. Аз он дидагаҳ дида букшод лаб, Ки шуд дашт пургарду торик шаб.
327. РАЗМ КАРДАНИ ГЕВ ВА ТУС БО КОМУС
Чу хуршед зад панҷа бар пушти гов, Зи ҳомун баромад хурӯши чаков. Зи даргоҳи Комус бархост ғав, Ки ӯ буд мардафкану пешрав.
326. РОЙ ЗАДАНИ ПИРОН БО ХОҚОНИ ЧИН
Чу лашкар падид омад аз дидагоҳ, Бишуд дидабон назди туронсипоҳ. Ба Пирон чунин гуфт пас дидабон, Ки «Бар ҷанг бандед яксар миён,
325. РАСИДАНИ ФАРИБУРЗ БА КӮҲИ ҲАМОВАН
Чу хуршед бар кишвари лоҷвард Саропардае зад зи дебои зард. Хурӯше баланд омад аз дидагоҳ Ба Гударз, к-«Эй паҳлавони сипоҳ!
324. РАФТАНИ ХОҚОНИ ЧИН БА ДИДАНИ ЛАШКАРИ ЭРОН
Чу хуршед бар чарх лашкар кашид, Шаби тор тозанда шуд нопадид. Яке анҷуман кард хоқони Чин Бузургону гурдони Туронзамин.
323. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ГУДАРЗ АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ
Сипаҳдор Гударз бар теғи кӯҳ Баромад, бирафт аз миёни гурӯҳ. Ба зорӣ хурӯш омад аз дидгоҳ, Ки шуд кори гурдони Эрон табоҳ.
322. РОЙ ЗАДАНИ ЭРОНИЁН ДАР КОРИ ХУД
Чу бар гунбади чарх шуд офтоб, Дили Тусу Гударз шуд пуршитоб, Ки имрӯз туркон чаро хомушанд? Ба рои дарун ё зи май беҳушанд?
321. ОМАДАНИ ХОҚОНИ ЧИН БА ҲАМОВАН
Чу Пирон ба наздики эшон расид, Дару дашт пур сумми аспон бидид. Ҷаҳон пурсаропардаву хайма буд, Зада сурху зарду бунафшу кабуд.
320. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ ХОҚОН ВА КОМУСРО БА ЁРИИ ПИРОН
Чу хуршед барзад зи харчанг чанг, Бидаррид пероҳани мушкранг. Ба Пирон фиристода омад зи шоҳ, Ки омад зи ҳар ҷо фаровон сипоҳ.
319. ДИДАНИ ТУС СИЁВУШРО БА ХОБ
Шабе доғдил пур зи тимор Тус Ба хоб андаромад гаҳи захми кӯс. Чунон дид равшанравонаш ба хоб, Ки рахшанда шамъе баромад зи об.
318. БА ЗАНӢ ХОСТАНИ ФАРИБУРЗ ФАРАНГИС МОДАРИ КАЙХУСРАВРО
Фарибурз гуфт: «Эй яли тоҷбахш, Худованди кӯполу хафтону Рахш. Яке орзу дорам андар ниҳон, Наёрам ба кас гуфтан андар ҷаҳон,
317. ОГОҲӢ ЁФТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ КОРИ СИПОҲ
Аз он пас биёмад ба Хусрав хабар, Ки Пирон шуд аз разм пирӯзгар. Сипаҳбад ба кӯҳи Ҳамован кашид, Зи лашкар басе гурд шуд нопадид.
316. ШАБЕХУН КАРДАНИ ЭРОНИЁН
Расид ин сиголиш ба Гударзу Тус, Сари саркашон хира гашт аз фусӯс. Чунин гуфт бо Тус Гударзи пир, Ки «Моро кунун ҷанг шуд ногузир.
315. ОМАДАНИ ПИРОН АЗ ПАИ ЭРОНИЁН БА КӮҲИ ҲАМОВАН
Чу хуршед аз он чодари нилгун Ғамӣ шуд, бидарриду омад бурун. Сипаҳбад ба кӯҳи Ҳамован расид, Зи гарди сипаҳ шуд замин нопадид.
314. ГИРД КАРДАНИ ТУРОНСИПОҲ КӮҲИ ҲАМОВАНРО
Чу хуршеди тобанда бинмуд тоҷ, Бигустард кофур бар тахти оҷ, Ҳамоно, ки фарсанг даҳ рафта буд, Бадандеш аз хастагӣ хуфта буд.
313. РАФТАНИ ЭРОНИЁН БА КӮҳи ҲАМОВАН
Ҳама бозгаштанд яксар зи ҷанг, Зи хешон ҷигархаста, сар пур зи нанг. Сар аз кӯҳ барзад ҳам он гоҳ моҳ Чу бар тахти пирӯза пирӯз шоҳ,
312. ҶОДУӢ КАРДАНИ ТУРОНИЁН БАР СИПОҲИ ЭРОН
Зи туркон яке буд, Бозӯр ном, Ба афсун ба ҳар ҷой густарда гом. Биёмӯхта кажживу ҷодувӣ, Бидониста ҳам чиниву паҳлавӣ.