Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
386. БАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БО ПАҲЛАВОНОН
Дари боғ букшод солори бор, Нишастангаҳе сохт бас шоҳвор. Бифармуд, то тоҷи заррину тахт Ниҳоданд зери гулафшон дарахт.
385. ОМАДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ХУСРАВ
Ба рӯзи чаҳорум гирифтанд соз, Чу омад-ш ҳангоми рафтан фароз, Бифармуд Рустам, ки банданд бор, Сӯи шаҳри Эрон бисечанд кор.
384. БАЗМ СОХТАНИ РУСТАМ АЗ БАҲРИ ГЕВ
В-аз он ҷо ба айвони Рустам шуданд, Ба раҳ-бар яке рои рафтан заданд. Чу он номаи шоҳ Рустам бихонд, Зи гуфтори Хусрав ба хира бимонд.
383. БУРДАНИ ГЕВ НОМАИ КАЙХУСРАВ БА НАЗДИ РУСТАМ
Чу бар нома бинҳод Хусрав нигин, Ситад Геву бар шоҳ кард офарин. В-аз он ҷо биёмад, сӯи хона рафт, Раҳи Систонро бисечид тафт.
382. НОМА НАВИШТАНИ ХУСРАВ БА РУСТАМ
Нависандаи номаро пеш хонд, Аз ин достон чанд бо ӯ биронд. Ба Рустам яке нома фармуд шоҳ Навиштан зи меҳтар сӯи некхоҳ,
381. ДИДАНИ КАЙХУСРАВ БЕЖАНРО ДАР ҶОМИ ГЕТИНАМОЙ
Чу Наврӯзи хуррам фароз омадаш, Бад-он ҷоми фаррух ниёз омадаш. Биёмад пуруммеди дил паҳлавон, Зи баҳри писар кӯж гашта навон.
380. ОВАРДАНИ ГЕВ ГУРГИНРО БА НАЗДИ ХУСРАВ
В-аз он ҷо биёмад ба наздики шоҳ Ду дида пур аз хуну дил кинахоҳ. Бар ӯ офарин кард, к-«Эй шаҳрёр, Ҳамеша ба шодӣ ҷаҳонро гузор.
379. БОЗРАФТАНИ ГУРГИН БА ЭРОНЗАМИН ВА ДУРӮҒ ГУФТАН ДАР КОРИ БЕЖАН
Чу як ҳафта Гургин бар он ҷо ба пой Ҳаме буду Бежан наёмад ба ҷой, Зи ҳар сӯш пӯён биҷустан гирифт, Рухонро ба хуноб шустан гирифт.
378. БА ЗИНДОН АФКАНДАНИ АФРОСИЁБ БЕЖАНРО
Ба Гарсеваз он гаҳ бифармуд шоҳ, Ки банди гарон созу торик чоҳ. Ду дасташ ба занҷир баркаш ба ғул Яке банди румӣ ба кирдори пул.
377. ҶОНИ БЕЖАН ХОСТАНИ ПИРОН АЗ АФРОСИЁБ
Бубахшуд Яздон ҷавонишро, Ба ҳам баршикаст он гумонишро. Кананда ҳаме канд ҷои дарахт, Падид омад аз дур Пирон зи бахт.
376. БУРДАНИ ГАРСЕВАЗ БЕЖАНРО ПЕШИ АФРОСИЁБ
Чу Гарсеваз омад ба наздики дар, Зи айвон хурӯш омаду нӯшу х (в) ар. Ғиревидани чангу бонги рубоб Баромад зи айвони Афросиёб.
375. БУРДАНИ МАНИЖА БЕЖАНРО БА КОХИ ХУД
Чу ҳангоми рафтан фароз омадаш, Ба дидори Бежан ниёз омадаш. Манижа чу Бежан дижамрӯй монд, Парастандагонро бари хеш хонд.
374. ОМАДАНИ БЕЖАН БА ХАЙМАИ МАНИЖА
Намонд он замон ҷойгоҳи сухун, Хиромид аз сояи сарвбун. Сӯи хаймаи духти Афросиёб Пиёда ҳаме гом зад бошитоб.
373. РАФТАНИ БЕЖАН БА ДИДАНИ МАНИЖА — ДУХТАРИ АФРОСИЁБ
Бирафтанд ҳарду ба роҳи дароз Яке озпеша, яке кинасоз. Миёни ду беша ба як рӯз роҳ Фуруд омад он гурди лашкарпаноҳ.
372. ФИРЕБ ДОДАНИ ГУРГИН БЕЖАНРО
Бадандеш Гургини шӯридаҳуш, Ба як сӯ ба беша даромад хамӯш. Ҳама беша омад ба чашмаш кабуд, Бар ӯ офарин карду шодӣ намуд.
371. РАФТАНИ БЕЖАН БА ҶАНГИ ГУРОЗОН
В-аз он пас бисечид Бежан ба роҳ, Камар басту бинҳод бар сар кулоҳ. Биёвард Гургини Милодро, Ҳамоварду ҳамрӯзи фарёдро.
370. ДОДХОҲИИ ИРМОНИЁН АЗ ХУСРАВ
Чу Кайхусрав омад ба кин хостан, Ҷаҳон сози нав хост оростан. Зи Туронзамин гум шуд он тахту гоҳ, Баромад ба хуршед-бар тахти шоҳ.
369. ДОСТОНИ БЕЖАН БО МАНИЖА ОҒОЗИ ДОСТОН
Шабе чун шаба рӯй шуста ба қир, На баҳром пайдо, на кайвон, на тир. Дигаргуна ороише кард моҳ, Басечи гузар кард бар пешгоҳ.
368. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ЭРОНЗАМИН
Чу бубрид Рустам сари дев паст, Бар он бораи пилпайкар нишаст. Ба пеш андаровард яксар гала, Буна ҳар чӣ карданд туркон яла.
367. ОМАДАНИ АФРОСИЁБ БА ДИДОРИ АСПОНИ ХЕШ ВА КУШТАНИ РУСТАМ АКВОНДЕВРО
Чу бод аз шигифтӣ ҳам андар шитоб Ба дидори асп омад Афросиёб. Або бодаву руду гурдон ба ҳам, Бад-он то кунад бар дил андеша кам.
366. АНДОХТАНИ АКВОНДЕВ РУСТАМРО БА ДАРЁ
Чу Аквонаш аз дур хуфта бидид, Яке бод шуд, то бад-ӯ даррасид. Замин гирд бубриду бардошташ, Зи ҳомун ба гардун барафрохташ.
365. ҶУСТАНИ РУСТАМ ДЕВРО
Бурун шуд ба нахчир чун наррашер, Каманде ба даст, аждаҳое ба зер. Ба даште куҷо дошт чӯбон гала, Бад-он ҷо гузар дошт шери яла.
364. ХОСТАНИ ХУСРАВ РУСТАМРО БАРОИ ҶАНГИ АКВОНДЕВ
Сухангӯй деҳқон чунин кард ёд, Ки як рӯз Кайхусрав аз бомдод Биёрост гулшан ба сони баҳор, Бузургон нишастанд бо шаҳрёр
363. ДОСТОНИ ҶАНГИ РУСТАМ БО АКВОНДЕВ ОҒОЗИ ДОСТОН
Ту бар кирдгори равону хирад Ситоиш гузин, то ки андархурад. Бубин, эй хирадманди равшанравон, Ки чун бояд, ӯро ситудан тавон.
362. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА СИСТОН
Таҳамтан ба як моҳ наздики шоҳ Ҳаме буд бо ҷом дар пешгоҳ. В-аз он пас чунин гуфт бо шаҳрёр, Ки «Эй пурҳунар хусрави тоҷдор.