Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
561. ПОСУХ ДОДАНИ РУСТАМ БАҲМАНРО
Чу бишнид Рустам зи Баҳман сухан, Пурандеша шуд мағзи марди куҳан. Чунин гуфт: «Оре, шунидам паём, Дилам шуд ба дидори ту шодком.
560. ПАЙҒОМ ДОДАНИ БАҲМАН РУСТАМРО
Яке кӯҳ буд пеши марди ҷавон Барангехт он бораи паҳлавон. Нигаҳ кард аз он пас ба нахчиргоҳ, Падид омад он паҳлавони сипоҳ.
559. РАСИДАНИ БАҲМАН БА НАЗДИ ЗОЛ
Суханҳои он номвар пешгоҳ Чу бишнид Баҳман, биёмад ба роҳ. Бипӯшид зарбафти шоҳаншаҳӣ, Ба сар барниҳод он кулоҳи меҳӣ.
558. ФИРИСТОДАНИ ИСФАНДЁР БАҲМАНРО БА НАЗДИ РУСТАМ
Бифармуд, то Баҳман омад ба пеш, Сухан гуфт бо вай зи андоза беш. Бад-ӯ гуфт: «Аспи сияҳ барнишин, Биёрой танро ба дебои Чин.
557. ЛАШКАР ОВАРДАНИ ИСФАНДЁР БА ЗОБУЛ
Ба шабгир ҳангоми бонги хурӯс Зи даргоҳ бархост овои кӯс. Ба Ковуси кай гуфт: «Ман бартарам, Ба мардиву шоҳӣ ман андарх(в)арам.
556. ПАНД ДОДАНИ КАТОЮН ИСФАНДЁРРО
Катоюни хуршедрух пур зи хашм, Ба пеши писар шуд пур аз об чашм. Чунин гуфт бо фаррух Исфандёр, Ки «Эй аз ялони ҷаҳон ёдгор,
555. ПОСУХ ДОДАНИ ГУШТОСП ПИСАРРО
Ба фарзанд посух чунон дод шоҳ, Ки «Аз ростӣ бугзарӣ, нест роҳ. Аз ин беш кардӣ, ки гуфтӣ ту кор, Ки ёри ту бодо ҷаҳонкирдгор.
554. ХОСТАНИ ИСФАНДЁР ПОДШОҲИРО АЗ ПАДАР
Чу баргашт шаб гирд карда инон, Сапеда баровард рахшон синон, Нишаст аз бари тахти зар шаҳрёр, Бишуд пеши ӯ фаррух Исфандёр.
553. ДОСТОНИ РАЗМИ ИСФАНДЁР БО РУСТАМ ОҒОЗИ ДОСТОН
Зи булбул шунидам яке достон, Ки бархонд аз гуфтаи бостон, Ки чун маст боз омад Исфандёр, Дижам гашта аз хонаи шаҳрёр,
552. БОЗГАШТАНИ ИСФАНДЁР НАЗДИ ГУШТОСП
Чу он нома бархонд Исфандёр, Бубахшид динор, барсохт кор. Ҷуз аз ганҷи Арҷосп чизе намонд, Ҳама ганҷи хешони ӯ барфишонд.
551. НОМА НАВИШТАНИ ИСФАНДЁР БА ГУШТОСП ВА ПОСУХИ Ӯ
Дабири нависандаро пеш хонд В-аз он чораву ҷанг лахте биронд. Бари тахт биншаст фаррух дабир, Қалам хост аз турку чинӣ ҳарир.
550. КУШТАНИ ИСФАНДЁР КӮҲРАМРО
Чу моҳ аз бари тахти симин бигашт, Се пос аз шаби тира андаргузашт, Ҳаме посбон бархурӯшид сахт, Ки «Гуштоспшоҳ аст фирӯзбахт.
549. КУШТАНИ ИСФАНДЁР АРҶОСПРО
Чу ториктар шуд шаб, Исфандёр Бипӯшид нав ҷомаи корзор. Сари банди сандуқҳо баркушод, Яке то бар он бастагон ҷуст бод.
548. ҲАМЛА КАРДАНИ БАШУТАН БА РӮИНДИЖ
Шаб омад, яке оташе барфурӯхт, Ки таффаш ҳаме осмонро бисӯхт. Чу аз дидагаҳ дидбон бингарид, Ба шаб оташу рӯз пурдуд дид,
547. ШИНОХТАНИ ХОҲАРОН ИСФАНДЁРРО
Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт, Харидори бозори вай даргузашт, Ду хоҳар-ш рафтанд аз айвон ба кӯй, Ғиревону бар кифтҳо - бар сабӯй.
546. РАФТАНИ ИСФАНДЁР БА РӮИНДИЖ БО ҶОМАИ БОЗОРГОН
В-аз он ҷо биёмад ба пардасарой, Зи бегона пардахт карданд ҷой. Башутан бишуд назди Исфандёр, Сухан рафт ҳар гуна аз корзор.
545. ХОНИ ҲАФТУМ - ГУЗАШТАНИ ИСФАНДЁР АЗ РӮД ВА КУШТАН ГУРГСОРРО
Чу як пос аз тирашаб даргузашт, Хурӯши ҷалаб омад аз пеши дашт. Бихандид бар борагӣ шоҳи нав, Зи қалби сипаҳ рафт то пешрав.
544. ХОНИ ШАШУМ - ГУЗАШТАНИ ИСФАНДЁР АЗ БАРФ
В-аз он пас бифармуд то Гургсор Биёмад бари номвар шаҳрёр. Бидодаш дамодам се ҷоми набид, Рухаш шуд ба сони гули шанбалид.
543. ХОНИ ПАНҶУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР СИМУРҒРО
Ҷаҳонҷӯй пеши ҷаҳонофарин Бимолид чанде рух андар замин. Бад-он беша андар саропарда зад, Ниҳоданд хонро, чунон чун сазад.
542. ХОНИ ЧАҲОРУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР ЗАНИ ҶОДУРО
Саропарда зад бар лаби об шоҳ, Ҳама хайма зад гирдаш - андар сипоҳ. Май овард бар хону майхора хост, Ба ёди ҷаҳондор бар пой хост.
541. Чу шуд ҷанги он аждаҳо сохта
Ҷаҳонҷӯй аз он ранҷ пардохта, Ҷаҳон гашт чун рӯи зангӣ сиёҳ, Зи бурҷи ҳамал тоҷ бинмуд моҳ. Нишаст аз бари шӯлак Исфандёр,
540. ХОНИ СЕВУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР АЖДАҲОРО
Бифармуд, то пеши ӯ Гургсор Биёмад бадандешу бадрӯзгор. Се ҷоми маи лаълфомаш бидод, Чу Аҳриман аз ҷоми май гашт шод,
539. ХОНИ ДУВУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР ШЕРОНРО
Ғам омад ҳаме баҳраи Гургсор Зи гургони ҷангиву Исфандёр. Бифармуд то бастаро пеши ӯй Бибурданд ларзону пур об рӯй.
538. ХОНИ АВВАЛ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР ДУ ГУРГРО
Сухангӯй деҳқон чу бинҳод хон, Яке достон ронд аз Ҳафтхон. Яке ҷоми заррин ба каф баргирифт, Зи Гуштосп он гаҳ сухан даргирифт.
537. ДОСТОНИ ҲАФТ ХОН СИТОИШИ ПОДШОҲ МАҲМУД
Кунун з-ин сипас ҳафт хон оварам, Суханҳои нағзу ҷавон оварам. Бигӯям ба таъйиди Маҳмудшоҳ Бад-он фарру он хусравонӣ кулоҳ.