Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
586. СУПУРДАНИ ГУШТОСП ШОҲӢ БА БАҲМАН ВА МУРДАН
Чу шуд рӯзгори Таҳамтан ба сар, Ба пеш оварам достоне дигар. Чу Гуштоспро тира шуд рӯи бахт, Биёвард Ҷомоспро пеши тахт.
585. БЕҲУШ ГАШТАНИ РУДОБА АЗ СӮГИ РУСТАМ
Ба як сол дар Систон сӯг буд, Ҳама ҷомаҳошон сиёҳу кабуд. Чунон гуфт Рудоба рӯзе ба Зол, Ки «Аз ранҷу сӯги Таҳамтан бинол.
584. ЛАШКАР КАШИДАНИ ФАРОМАРЗ БА КИНИ РУСТАМ ВА КУШТАНИ Ӯ ШОҲИ КОБУЛРО
Фаромарз чун сӯги Рустам бидошт, Сипаҳро ҳама сӯи ҳомун гузошт. Дари хонаи пилтан боз кард, Сипаҳро зи ганҷу дирам соз кард.
583. Фиристода посух биёвард зуд
Бад-он сон, ки Гуштосп фармуда буд. Аз он номвар паҳлавон шод гашт, Варо дил зи андӯҳ озод гашт. Чунин то баромад бар ин кор чанд,
582. БОЗ ФИРИСТОДАНИ РУСТАМ БАҲМАНРО БА ЭРОН
Ҳаме буд Баҳман ба Зобулситон Ба нахчиргаҳ бо маю гулситон. Савориву майхӯрдану боргоҳ Биёмӯхт Рустам бад-он кинахоҳ.
581. БУРДАНИ БАШУТАН ТОБУТИ ИСФАНДЁРРО НАЗДИ ГУШТОСП
Яке нағз тобут кард оҳанин, Бигустард фарше зи дебои Чин. Дарандуд як рӯи оҳан ба қир, Пароканда бар қир мушку абир.
580. АНДАРЗ КАРДАНИ ИСФАНДЁР РУСТАМРО
Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр, Ки «Акнун сар омад маро рӯзгор. Ту аз ман мапарҳезу хез, эдар ой, Ки моро дигаргуна гаштаст рой.
579. ТИР АНДОХТАНИ РУСТАМ ИСФАНДЁРРО БА ЧАШМ
Чу донист Рустам, ки лоба ба кор Наёяд ҳаме пеши Исфандёр, Камонро ба зеҳ карду он тири газ, Ки пайкон-шро дода буд оби раз,
578. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ҶАНГИ ИСФАНДЁР
Сапеда ҳамонгаҳ зи кӯҳ бардамид, Миёни шаби тира - андар хамид. Бипӯшид Рустам силеҳи набард. Басе аз ҷаҳонофарин ёд кард.
577. ЧОРА СОХТАНИ СИМУРҒ РУСТАМРО
Чу гаштанд ҳар ду бар он рой тунд, Гузин Зол омад ба болои тунд. Аз айвон се миҷмар пуроташ бибурд, Бирафтанд бо ӯ се ҳушёр гурд.
576. РОЙ ЗАДАНИ РУСТАМ БО ХЕШОН
В-аз он рӯй Рустам ба айвон расид, Мар ӯро бад-он гуна Дастон бидид. Завора, Фаромарз гирён шуданд В-аз он хастагиҳош бирён шуданд.
575. ГУРЕХТАНИ РУСТАМ БА БОЛОИ КӮҲ
Камон баргирифтанду тири хаданг, Ҳаме гум шуд аз рӯи хуршед ранг. Зи пайкон ҳаме оташ афрӯхтанд, Ба тан-бар зиреҳро ҳаме дӯхтанд.
574. КУШТА ШУДАНИ ПИСАРОНИ ИСФАНДЁР АЗ ДАСТИ ЗАВОРА ВА ФАРОМАРЗ
Бад-он гаҳ, ки ҷанги ялон шуд дароз, Ҳаме дер шуд Рустами Зол боз, Завора биёвард аз он сӯ сипоҳ Яке лашкари доғдил кинахоҳ.
573. ҶАНГИ РУСТАМ БО ИСФАНДЁР
Чу шуд рӯз Рустам бипӯшид кабр, Нигаҳбони тан кард бар кабр бабр. Каманде ба фитроки зин- дар бубаст, Бар он бораи пилпайкар нишаст.
572. ПАНД ДОДАНИ ЗОЛ РУСТАМРО
Чу Рустам биёмад ба айвони хеш, Надид ӯ ҷуз аз разм дармони хеш. Завора биёмад ба наздики ӯй, Варо дид тирадилу зардрӯй.
571. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА АЙВОНИ ХУД
Чу Рустам биёмад зи пардасарой, Замоне ҳаме буд бар дар ба пой. Ба карпос гуфт: «Эй сарои умед, Хунук рӯз, к-андар ту буд Ҷаммшед.
570. МАЙ ХӮРДАНИ РУСТАМ БО ИСФАНДЁР
Чунин посух овардаш Исфандёр, Ки «Гуфтори бешӣ наёяд ба кор. Шикам гурсуна, рӯз ниме гузашт, Зи пайкор гуфтор бисёр гашт.
569. СИТОИШ КАРДАНИ РУСТАМ ПАҲЛАВОНИИ ХУДРО
Чунин гуфт Рустам ба Исфандёр, Ки «Кирдор монад зи мо ёдгор. Кунун доддеҳ бошу бишнав сухан, Аз ин номбардор пири куҳан.
568. СИТОИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР НАЖОДИ ХЕШРО
Зи Рустам чу Исфандёр ин шунид, Бихандиду шодон дилаш бардамид. Бад-ӯ гуфт, к-«Аз ранҷу пайкори ту Шунидам ҳама дарду тимори ту.
567. ПОСУХИ РУСТАМ БА ИСФАНДЁР ВА СИТОИШИ НАЖОД ВА КИРДОРИ ХУД
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Ором гир, Чӣ гӯӣ суханҳои нодилпазир? Дилат сӯи кажжӣ биболад ҳаме, Равонат зи девон бинолад ҳаме.
566. НАКӮҲИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР НАЖОДИ РУСТАМРО
Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр, Ки «Эй шердил меҳтари номдор, Ман эдун шунидастам аз мӯбадон, Бузургону бедордил бихрадон,
565. ПӮЗИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР АЗ НОХОНДАНИ РУСТАМ БА МЕҲМОНӢ
Нишаст аз бари Рахш бар сони пил Хурӯшидани асп шуд бар ду мил. Биёмад дамон то ба наздики об, Сипаҳро ба дидори ӯ буд шитоб.
564. НАХОНДАНИ ИСФАНДЁР РУСТАМРО БА МЕҲМОНӢ
Чу Рустам бирафт аз лаби Ҳирманд, Пурандеша шуд номдори баланд. Башутан, ки буд шоҳро раҳнамой, Ҳамон гаҳ биёмад ба пардасарой.
563. РАСИДАНИ РУСТАМ ВА ИСФАНДЁР БО ЯКДИГАР
Бифармуд, к-аспи сияҳ зин кунанд, Ба болош-бар зини заррин кунанд. Пас аз лашкари номвар сад савор Бирафтанд бо фаррух Исфандёр.
562. БОЗГАШТАНИ БАҲМАН
Зи Рустам чу бишнид Баҳман, бирафт, Ҳаме ронд бо мӯбади пок тафт. Таҳамтан замоне ба раҳ-бар бимонд, Завора, Фаромарзро пеш хонд,