Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
611. АНДАРЗ КАРДАНИ ДОРО БО ИСКАНДАР ВА МУРДАН
Ба наздики Искандар омад вазир, Ки «Эй шоҳи пирӯзу донишпазир, Бикуштем мо душманат ногаҳон, Сар омад бар ӯ тоҷу тахти меҳон».
610. КУШТА ШУДАНИ ДОРО БА (ДАСТИ) ДАСТУРОНИ ХУД
Чу он посухи нома Доро бихонд, Зи кори ҷаҳон дар шигифтӣ бимонд, Саранҷом гуфт: «Ин зи куштан батар, Ки ман пеши румӣ бубандам камар.
609. НОМАИ ДОРО БА ИСКАНДАР ДАР БОРАИ ОШТӢ
Дабири ҷаҳондидаро хонд шоҳ, Биёвард қиртосу мушки сиёҳ. Яке нома бинвишт бо доғу дард, Ду дида пур аз хуну рух лоҷвард.
608. РАЗМИ СеВУМИ ИСКАНДАР БО ДОРО ВА ГУРЕХТАНИ ДОРО БА КИРМОН
Сикандар чу аз кораш огоҳ шуд, Ки Доро ба тахт афсари моҳ шуд, Сипаҳ баргирифт аз Ироқу биронд, Ба рӯи ҳама номи Яздон бихонд.
607. РАЗМИ ДУВУМИ ДОРО БО ИСКАНДАР
Чу Доро зи пеши Сикандар бирафт, Ба ҳар сӯ саворон фиристод тафт. Аз Эрону Тӯрон меҳонро бихонд, Дирам доду рӯзидеҳонро бихонд.
606. РАЗМИ ДОРО БО ИСКАНДАР ВА ШИКАСТ ЁФТАНИ ДОРО
Чу хуршед барзад сар аз пушти зоғ, Замин шуд ба кирдори равшан чароғ. Ҷаҳондор Доро сипаҳ баргирифт, Ҷаҳон чодари қир бар сар гирифт.
605. ОМАДАНИ СИКАНДАР БА РАСУЛИИ ХЕШ НАЗДИ ДОРО
Сикандар чу бишнид, к-омад сипоҳ, Пазира шуданро бипаймуд роҳ. Миёни ду лашкар ду фарсанг монд, Сикандар гаронмоягонро бихонд.
604. МУРДАНИ ФАЙЛАҚУС ВА БАР ТАХТ НИШАСТАНИ СИКАНДАР
Бимурд андар он чанд гаҳ Файлақус, Ба Рум-андарун буд якчанд бус. Сикандар ба тахти ниё барнишаст, Беҳӣ ҷусту дасти бадиро бубаст.
603. ПОДШОҲИИ ДОРО ПИСАРИ ДОРОБ
Чаҳордаҳ сол буд Чу Доро зи дил сӯги Дороб дошт, Ба хуршед тоҷи каӣ барфарошт. Яке мард буд тезу барнову тунд,
602. БОЗ ФИРИСТОДАНИ ДОРОБ ДУХТАРИ ФАЙЛАҚУСРО БА РУМ ВА ЗОДАНИ ИСКАНДАР АЗ Ӯ
Шабе хуфта буд моҳ бо шаҳрёр, Пур аз гавҳару бӯю рангу нигор. Ҳамоно, ки барзад яке тез дам, Шаҳаншоҳ аз он дам задан шуд дижам.
601. РАЗМ КАРДАНИ ДОРОБ БО ФАЙЛАҚУС ВА БА ЗАНӢ ГИРИФТАН ДУХТАРАШРО
Шуд аз дашти Найзаварон то ба Рум, Ҳаме разм ҷуст андар обод бум. Ба Рум-андарун шоҳ буд Файлақус, Яке буд бо ройи ӯ шоҳи рус.
600. ШИКАСТАНИ ДОРОБ ЛАШКАРИ ШУАЙБРО
Чунон буд, ки аз тозиён сад ҳазор, Набарда саворони найзагузор. Бирафтанду солори эшон Шуайб, Яке номдор аз нажоди Қутайб.
599. СОХТАНИ ДОРОБ ШАҲРИ ДОРОБГИРДРО
Кунун офарин аз ҷаҳонофарин Бихонем бар шаҳрёри замин. Абулқосим он шоҳи хуршедчеҳр, Ки гетӣ биёрост бар доду меҳр.
598. БАР ТАХТ НИШОНДАНИ ҲУМОЙ ДОРОБРО
Зи даргоҳ парда фурӯ ҳишт шоҳ, Ба як ҳафта касро надоданд роҳ. Ҷаҳондор заррин яке тахт кард, Ду курсӣ зи пирӯзаву лоҷвард.
597. ШИНОХТАНИ ҲУМОЙ ПИСАРРО
В-аз он ҷойгаҳ бозгаштанд шод, Писандида Дороб бо Рашнавод. Ба манзил бад-он тоқи вайрон расид, Ки Доробро андар ӯ хуфта дид.
596. РАЗМИ ДОРОБ БО ЛАШКАРИ РУМ
Бигуфт ину з-он ҷойгаҳ баргирифт, Аз он марз то Рум лашкар гирифт. Сипаҳбад талоя ба Дороб дод, Талоя синонро ба заҳр об дод,
595. ОГОҲ ШУДАНИ РАШНАВОД АЗ КОРИ ДОРОБ
Чунон буд, ки рӯзе яке тезбод, Баромад, ғамӣ гашт аз ӯ Рашнавод. Яке раъду борони бобарқу ҷӯш, Замин пур зи об, осмон пурхурӯш.
594. ПУРСИДАНИ ДОРОБ НАЖОДИ ХУДРО АЗ ЗАНИ ГОЗУР ВА ҶАНГ ОВАРДАН БА РУМИЁН
Ба гозур чунин гуфт рӯзе, ки «Ман Ҳаме ин ниҳон дорам аз анҷуман. Наҷунбад ҳаме бар ту-бар меҳри ман, Намонад ба чеҳри ту-бар чеҳри ман.
593. ПАРВАРДАНИ ГОЗУР ДОРОБРО
Чу бегоҳ гозур биёмад зи рӯд, Бад-ӯ гуфт ҷуфташ, ки «Ҳаст ин дуруд, Ки боз омадӣ ҷомаҳо нимнам, Бад-ин коркард аз кӣ ёбӣ дирам?»
592. ГУЗОШТАНИ ҲУМОЙ ПИСАРИ ХУД ДОРОБРО БА ДАРЁИ ФУРОТ ДАР САНДУҚ
Ба беморӣ - андар бимурд Ардашер, Ҳаме буд бекор тоҷу сарир. Ҳумой омаду тоҷ бар сар ниҳод, Яке рою оини дигар ниҳод.
591. БА ЗАНӢ ГИРИФТАНИ БАҲМАН ҲУМОЙ ДУХТАРИ ХЕШРО ВА ВАЛИАҲД КАРДАНАШ
Писар буд ӯро яке шергир, Ки Сосон-ш хондӣ варо Ардашер. Яке духтараш буд номаш Ҳумой, Ҳунарманду бодонишу покрой.
590. РАҲО КАРДАНИ БАҲМАН ЗОЛРО ВА БОЗГАШТАН БА АЙВОН
Гиромӣ Башутан, ки дастур буд, Зи куштан дилаш сахт ранҷур буд. Ба пеши ҷаҳондор бар пой хост, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй хусрави додрост,
589. РАЗМИ ФАРОМАРЗ БО БАҲМАН ВА КУШТА ШУДАНИ ФАРОМАРЗ
Ғамӣ шуд Фаромарз дар марзи Буст, Зи баҳри ниё дасти кинро бишуст. Сипаҳ карду сар сӯи Баҳман ниҳод. Зи разми Таҳамтан басе кард ёд.
588. ДАР БАНД АНДОХТАНИ БАҲМАН ЗОЛРО
Чу омад ба наздикии Ҳирманд, Фиристодае баргузид арҷманд. Фиристод наздики Дастони Сом Бидодаш зи ҳар гуна чанде паём.
587. КИН ХОСТАНИ БАҲМАН АЗ БАҲРИ ХУНИ ИСФАНДЁР
Чу Баҳман ба тахти ниё барнишаст, Камар бар миён басту букшод даст. Сипаҳро дирам доду динор дод, Ҳамон кишвару марз бисёр дод.