Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
686. ГӮЙ ЗАДАНИ ШОПУР ВА ШИНОХТАНИ ӮРО ПАДАР
Биёмад ба шабгир дастури шоҳ, Бибурд он ҳама кӯдаконро ба гоҳ. Ба як ҷомаву чеҳру боло яке, Ки пайдо набуд ин аз он андаке.
685. ЗОДАНИ ШОПУР ПИСАРИ АРДАШЕР АЗ ДУХТАРИ АРДАВОН ВА ПАС АЗ ҲАФТ СОЛ ОГОҲӢ ЁФТАНИ АРДАШЕР АЗ ОН ВА ШИНОХТАН ӮРО
Чу ҳангомаи зодан омад фароз, Аз он кор бар бод накшод роз. Писар зод аз ин духтари Ардавон, Яке хусравоини равшанравон,
684. ЗОДАНИ ШОПУРИ АРДАШЕР
Ба дил гуфт мӯбад, ки бад рӯзгор, Ки фармон чунин омад аз шаҳрёр. Ҳама маргроем, барнову пир, Надорад писар шаҳрёр Ардашер.
683. САРГУЗАШТИ АРДАШЕР БО ДУХТАРИ АРДАВОН
Бад-он гаҳ, ки шоҳ Ардавонро бикушт, Зи хуни вай овард гетӣ ба мушт. Чу ӯ кушта шуд, духтарашро бихост, Бад-он то бигӯяд, ки ганҷаш куҷост.
682. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ АРДАШЕР
Ба Бағдод биншаст бар тахти оҷ, Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза тоҷ, Камар баставу гурзи шоҳон ба даст, Биёроста ҷойгоҳи нишаст.
681. КУШТАНИ АРДАШЕР ҲАФТВОДРО
Чу огоҳ шуд з-он сухан Ҳафтвод, Дилаш гашт пурдарду лаб пур зи бод. Биёмад, ки дижро кунад хостор, Бар он бора баршуд дамон шаҳрёр.
680. КУШТАНИ АРДАШЕР КИРМИ ҲАФТВОДРО
В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи ҷанги кирм, Сипоҳаш ҳама карда оҳанги кирм. Биёвард лашкар даҳу ду ҳазор, Ҷаҳондидаву коркарда савор.
679. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АРДАШЕР АЗ КОРИ КИРМ ВА ЧОРА НАМУДАН ВА КУШТАНИ Ӯ КИРМРО
Пурандеша буд он шаб аз кирм шоҳ, Чу биншаст хуршед бар ҷойи моҳ, Сипаҳ баргирифт аз лаби обгир, Сӯи Порс омад дамон Ардашер.
678. ТОРОҶ ДОДАНИ МЕҲРАКИ НӮШЗОД ХОНАИ АРДАШЕРРО
Ба Ҷаҳрам яке мард буд кайнажод, Куҷо номи ӯ Меҳраки Нӯшзод. Чу огаҳ шуд аз рафтани Ардашер, В-аз он монданаш бар лаби обгир,
677. РАЗМИ АРДАШЕР БО ҲАФТВОД ВА ШИКАСТ ЁФТАНИ АРДАШЕР
Чу огоҳ шуд з-он сухан Ҳафтвод, Аз эшон ба дил барнаёвард ёд. Камингоҳ кард андар он кунҷи кӯҳ, Биёмад сӯи разм худ бо гурӯҳ.
676. ДОСТОНИ КИРМИ ҲАФТВОД
Бубин ин шигифтӣ, ки деҳқон чӣ гуфт, Бад-он гаҳ ки букшод роз аз нуҳуфт. Зи шаҳри Куҷорон ба дарёи Порс, Чӣ гӯяд зи болову паҳнои Порс.
675. ШАБЕХУН КАРДАНИ АРДАШЕР БАР САРИ КУРДОН ВА ШИКАСТ ДОДАН ЭШОНРО
Чу хуршед шуд зард, лашкар биронд, Касеро, ки нобуданӣ буд, бимонд. Чу шаб ним бугзашту торик шуд, Ҷаҳондор бо курд наздик шуд.
674. ҶАНГИ АРДАШЕР БО КУРДОН
Сипоҳе зи Истахр бемар бибурд, Бишуд сохта-то кунад разми курд. Чу шоҳ Ардашер андаромад ба танг, Пазира шудаш курди бемар ба ҷанг,
673. ҶАНГИ АРДАШЕР БО АРДАВОН ВА КУШТА ШУДАНИ АРДАВОН
Чу огоҳӣ омад сӯи Ардавон, Дилаш гашт пурбиму тира равон Чунин гуфт, к-«Ин рози чархи баланд Ҳаме гуфт бо ман худованди панд.
672. ҶАНГ КАРДАНИ АРДАШЕР БО БАҲМАН ВА ФИРӮЗӢ ЁФТАН
Яке номвар буд, номаш Табок, Або олату лашкару ройи пок, Ки бар шаҳри Ҷаҳрам буд ӯ подшо, Ҷаҳондида, бододу фармонраво.
671. ГИРД КАРДАНИ ЛАШКАР АРДАШЕР
Аз ин сӯ ба дарё расид Ардашер, Ба Яздон чунин гуфт, к-«Эй дастгир, Ту кардӣ маро эмин аз бадкунаш, Ки ҳаргиз мабинод некӣ танаш!
670. НОМА НАВИШТАНИ АРДАВОН БА БАҲМАН ПИСАРИ ХУД ДАР БОРАИ ГИРИФТАНИ АРДАШЕР
Чу шаб рӯз шуд, бомдоди пагоҳ Бифармуд, то бозгардад сипоҳ. Биёмад ду рухсора ҳамранги най, Чу шаб тира гашт, андаромад ба Рай.
669. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АРДАВОН АЗ КОРИ ГУЛНОР ВА АРДАШЕР
Чунон буд, ки бе моҳрух Ардавон Набудӣ шабу рӯз равшанравон. Зи дебо набардоштӣ дӯшу ёл, Магар чеҳри Гулнор дидӣ ба фол.
668. ГУРЕХТАНИ АРДАШЕР БО ГУЛНОР
Чу шуд рӯйи кишвар ба кирдори қир, Канизак биёмад бари Ардашер. Чу дарё барошуфт марди ҷавон, Ки як рӯз накшебад аз Ардавон.
667. ДИДАНИ ГУЛНОР АРДАШЕРРО ВА МУРДАНИ БОБАК
Яке кох буд Ардавонро баланд, Ба кох-андарун бардае арҷманд, Ки Гулнор буд номи он моҳрӯй, Нигоре пур аз гавҳару рангу бӯй.
666. ОМАДАНИ АРДАШЕРИ БОБАКОН БА ДАРГОҲИ АРДАВОН
Чу омад ба наздикии боргоҳ, Бигуфтанд бо шоҳ аз он борхоҳ. Ҷавонро ба меҳр Ардавон пеш хонд, Зи Бобак фаровон суханҳо биронд.
665. ЗОДАНИ АРДАШЕРИ БОБАКОН
Чу нӯҳ моҳ бугзашт, аз он моҳчеҳр, Яке кӯдак омад чу тобанда меҳр. Ҳамонандаи шаҳрёр Ардашер, Физояндаву фарруху дилпазир.
664. ХОБ ДИДАНИ БОБАК ДАР КОРИ СОСОН
Чу Доро ба разм-андарун кушта шуд, Ҳама дударо рӯз баргашта шуд. Писар буд мар ӯро яке шодком, Хирадманду ҷангиву Сосон ба ном,
663. АШКОНИЁН ОҒОЗИ ДОСТОН
Кунун, эй сароянда фартутмард, Сӯи гоҳи Ашкониён бозгард. Чӣ гуфтан дар ин номаи бостон, Ки гӯянда ёд орад аз достон.
662. ГУФТОР АНДАР СИТОИШИ СУЛТОН МАҲМУД
Кунун подшоҳи ҷаҳонро ситой, Ба базму ба разму ба дониш гирой, Ҷаҳондор Абулқосими пурхирад, Ки рояш ҳаме аз хирад бар хӯрад.