Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

672. ҶАНГ КАРДАНИ АРДАШЕР БО БАҲМАН ВА ФИРӮЗӢ ЁФТАН

Яке номвар буд, номаш Табок, Або олату лашкару ройи пок, Ки бар шаҳри Ҷаҳрам буд ӯ подшо, Ҷаҳондида, бододу фармонраво. Мар ӯро хуҷаста писар буд ҳафт, Чу огаҳ шуд, аз пеши Баҳман бирафт. Биёмад сӯи номвар Ардашер Або лашкару кӯсу бо дору гир. Чу чашмаш ба рӯйи сипаҳбад расид, Зи асп андаромад, чунон чун сазид. Биёмад дамон, пойи ӯ бӯса дод, Зи Сосони пешин яке кард ёд. Фаровон ҷаҳонҷӯй бинвохташ, Ба зуд омадан арҷ бишнохташ. Валекин пурандеша шуд аз Табок, Дилаш гашт аз он пир пуртарсу бок. Ба роҳ-андар аз пир ожир буд, Ки бо ӯ сипоҳе ҷаҳонгир буд. Ҷаҳондида бедордил буд пир, Бидонист андешаи Ардашер. Биёмад, биёвард Устову Занд, Чунин гуфт, к-«Аз Кирдгори баланд Буридаст бемоя ҷони Табок, Агар нест аз бад дилаш бо ту пок. Чу огоҳӣ омад зи шоҳ Ардашер, Ки овард лашкар бад-он обгир, Чунон сер гаштам зи шоҳ Ардавон, Ки аз пирзан гашт марди ҷавон. Маро некдил, меҳрбон банда дон, Шикебодилу роздоранда дон». Чу бишнид аз ӯ Ардашер ин сухун, Яке дигар андеша афканд бун. Мар ӯро ба ҷойи падар доштӣ, Бар он номдорон-ш сар доштӣ. Дили шоҳ аз андеша озод шуд, Сӯи озари Ромхаррод шуд. Ситоиш ҳаме кард пеши Худой, Ки бошад бари некувӣ раҳнамой,