671. ГИРД КАРДАНИ ЛАШКАР АРДАШЕР
Аз ин сӯ ба дарё расид Ардашер,
Ба Яздон чунин гуфт, к-«Эй дастгир,
Ту кардӣ маро эмин аз бадкунаш,
Ки ҳаргиз мабинод некӣ танаш!
Баросуду маллоҳро пеш хонд,
Зи кори гузашта фаровон биронд.
Нигаҳ кард фарзона маллоҳи пир
Ба болову чеҳру бари Ардашер.
Бидонист, к-ӯ нест ҷуз кайнажод,
Зи фарру зи авранди ӯ гашт шод.
Биёмад ба дарё ҳам андар шитоб,
Зи ҳар сӯ барафканд заврақ бар об.
Аз огоҳии номдор Ардашер,
Сипоҳ анҷуман шуд дар он обгир.
Ҳар он кас, ки буд бобакӣ дар Ситахр,
Ба огоҳии шоҳ карданд фахр.
Дигар ҳар кӣ аз тухми Доро буданд,
Ба ҳар кишваре бомудоро буданд,
Чу огоҳ гаштанд аз Ардашер,
Зи шодӣ ҷавон шуд дили марди пир.
Ҳаме рафт мардум зи дарёву кӯҳ,
Ба наздики барно гурӯҳогурӯҳ.
Зи ҳар шаҳр фарзонаву ройзан,
Ба назди ҷаҳонҷӯй гашт анҷуман.
Забон баркушод Ардашери ҷавон,
Ки «Эй номдорони равшанравон,
Касе нест з-ин номдор анҷуман
Зи фарзонаву мардуми ройзан,
Ки нашнид, к-Искандар андар ҷаҳон
Чӣ кард аз фурӯмоягони меҳон.
Ниёкони моро якояк бикушт,
Ба бедодӣ овард гетӣ ба мушт.
Чу ман бошам аз тухми Исфандёр,
Ба марз-андарун Ардавон шаҳрёр?!
Сазад, гар мар инро нахонем дод,
В-аз ин достон кас нагирем ёд.
Чу бошед бо ман бад-ин ёрманд,
Намонам ба кас ному тахти баланд.