Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

670. НОМА НАВИШТАНИ АРДАВОН БА БАҲМАН ПИСАРИ ХУД ДАР БОРАИ ГИРИФТАНИ АРДАШЕР

Чу шаб рӯз шуд, бомдоди пагоҳ Бифармуд, то бозгардад сипоҳ. Биёмад ду рухсора ҳамранги най, Чу шаб тира гашт, андаромад ба Рай. Яке нома бинвишт назди писар, Ки кажжӣ ба тоҷ андаровард сар. «Чунон шуд зи болини мо Ардашер, К-аз он сон нарафт аз камон ҳеҷ тир. Сӯи Порс омад, биҷӯяш ниҳон, Магӯй ин сухан бо кас андар ҷаҳон».