Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

669. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АРДАВОН АЗ КОРИ ГУЛНОР ВА АРДАШЕР

Чунон буд, ки бе моҳрух Ардавон Набудӣ шабу рӯз равшанравон. Зи дебо набардоштӣ дӯшу ёл, Магар чеҳри Гулнор дидӣ ба фол. Чу омад-ш ҳангоми бархостан, Ба дебо сари гоҳаш оростан, Канизак наёмад ба болини ӯй, Барошуфту печон шуд аз кини ӯй. Ба дар-бар сипоҳ истода ба пой, Биёроста тоҷу тахту сарой. Зи даргоҳ бархост солори бор, Биёмад бари номвар шаҳриёр. Бад-ӯ гуфт: «Гарданкашон бардаранд, Ҳар он кас куҷо меҳтари кишваранд». Парастандагонро чунин гуфт шоҳ, Ки «Гулнорро аз чӣ бастаст роҳ? Чаро ӯ наёяд ба болини ман? Магар бошад андар дилаш кини ман?» Биёмад ҳамон гоҳ меҳтар дабир, Ки «Рафтаст бегоҳ дер Ардашер. Або худ бибурдаст хинги сиёҳ, Ки буд бораи номбардор шоҳ. Ҳам он гоҳ шуд шоҳро дилпазир, Ки ганҷури ӯ рафт бо Ардашер. Дили марди ҷангӣ баромад зи ҷой, Ба болои бӯр андаровард пой. Саворони ҷангӣ фаровон бибурд, Ту гуфтӣ ҳама роҳ оташ супурд. Ба раҳ-бар яке номвар дид ҷой, Басе андар ӯ мардуму чорпой. Бипурсид аз эшон, ки «Шабгир ҳур Шунидед овози наъли сутур? Ду тан баргузаштанд пӯён ба роҳ? Яке бораи хингу дигар сиёҳ?» Яке гуфт аз эшон, ки «Эдар гузашт, Ду тан бо ду асп андаромад ба дашт. Ба думми саворон яке ғурми пок, Чу аспе ҳаме барпароканда хок».