Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

668. ГУРЕХТАНИ АРДАШЕР БО ГУЛНОР

Чу шуд рӯйи кишвар ба кирдори қир, Канизак биёмад бари Ардашер. Чу дарё барошуфт марди ҷавон, Ки як рӯз накшебад аз Ардавон. Канизак бигуфт, он чи равшанравон Ҳаме гуфт бо номвар Ардавон. Сухан чун зи Гулнор аз он сон шунид, Шикебоиву хомушӣ баргузид. Дили марди барно шуд аз гуфта тез, В-аз он пас фузун ҷуст роҳи гурез. Бад-ӯ гуфт: «Гар ман ба Эрон шавам, Зи Рай сӯи шаҳри далерон шавам, Ту бо ман сиголӣ, ки ойӣ ба роҳ, Гар эдар бибошӣ ба наздики шоҳ? Агар бо ман ойӣ, тавонгар шавӣ, Ҳамон бар сари кишвар афсар шавӣ». Чунон дод посух, ки «Ман бандаам, Набошам ҷудо аз ту, то зиндаам». Ҳаме гуфт бо лаб пур аз боди сард, Фурӯ рехт аз дидагон оби зард. Чунин гуфт бо моҳрӯй Ардашер, Ки «Фардо бибояд шудан ногузир». Канизак биёмад ба айвони хеш, Ба каф барниҳода сару ҷони хеш. Чу шуд рӯйи гетӣ зи хуршед зард, Ба ҳам андаромад шаби лоҷвард, Канизак дари ганҷҳо боз кард, Зи ҳар гавҳаре ҷустан оғоз кард. Зи ёқуту аз гавҳари шоҳвор, Зи динор чандон, ки будаш ба кор. Биёмад ба ҷое, ки будаш нишаст, Бад-он хона бинҳод гавҳар ба даст. Ҳаме буд то шаб, баромад зи кӯҳ, Бихуфт Ардавон, ҷой шуд бегурӯҳ. Зи айвон биёмад ба кирдори тир, Биёвард гавҳар бари Ардашер. Ҷаҳонҷӯйро дид ҷоме ба даст, Нигаҳбони аспон ҳама хуфта маст.