667. ДИДАНИ ГУЛНОР АРДАШЕРРО ВА МУРДАНИ БОБАК
Яке кох буд Ардавонро баланд,
Ба кох-андарун бардае арҷманд,
Ки Гулнор буд номи он моҳрӯй,
Нигоре пур аз гавҳару рангу бӯй.
Бари Ардавон ҳамчу дастур буд,
Бар он хоста низ ганҷур буд.
Бар ӯ-бар гиромитар аз ҷон будӣ,
Ба дидори ӯ шоҳ хандон будӣ.
Чунон буд, ки як рӯз дидаш зи бом,
Дилаш гашт аз он хуррамӣ шодком.
Нигаҳ кард хандон лаби Ардашер,
Ҷавон бар дили моҳ шуд ҷойгир.
Ҳаме буд, то рӯз торик шуд,
Ҳамоно ба шаб рӯз наздик шуд.
Каманде бад-он кунгура дарбубаст,
Гиреҳ зад бар ӯ чанду бибсуд даст.
Ба густохӣ аз бора омад фуруд,
Ҳаме дод некидиҳишро дуруд.
Чу омад хиромон бари Ардашер,
Пур аз гавҳару бӯйи мушку абир.
Зи болини дебо сараш баргирифт,
Чу бедор шуд, танг дар бар гирифт.
Нигаҳ кард барно бад-он хубрӯй,
Бад-он мӯву он рӯву он рангу бӯй.
Бад-он моҳ гуфт: «Аз куҷо хостӣ,
Ки пурғам диламро биёростӣ?».
Чунин дод посух, ки «Ман бандаам,
Дилу ҷон зи меҳри ту огандаам.
Биёям, чу хоҳӣ ба наздики ту.
Дурахшон кунам рӯзи торики ту.
Чу лахте баромад бар ин рӯзгор,
Шикаст андаромад ба омӯзгор.
Ҷаҳондида бедор Бобак бимурд,
Сарои куҳан дигареро супурд,
Чу огоҳӣ омад сӯи Ардавон,
Пур аз ғам шуду тира гашташ равон.
Гирифтанд ҳар меҳтаре ёд Порс,
Сипаҳбад ба меҳтарписар дод Порс.