Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

666. ОМАДАНИ АРДАШЕРИ БОБАКОН БА ДАРГОҲИ АРДАВОН

Чу омад ба наздикии боргоҳ, Бигуфтанд бо шоҳ аз он борхоҳ. Ҷавонро ба меҳр Ардавон пеш хонд, Зи Бобак фаровон суханҳо биронд. Ба наздикии тахт биншохташ, Ба барзан яке ҷойгаҳ сохташ. Фиристод ҳар гунае хӯрданӣ, Зи пӯшиданӣ, ҳам зи густурданӣ, Худу номдорон биёмад ҷавон, Ба ҷое, ки фармуда буд Ардавон. Чу курсӣ ниҳод аз бари чарх шед, Ҷаҳон гашт чун рӯйи румӣ сапед. Парастандае пеш хонд Ардашер, Ҳамон ҳадяҳое, ки буд ногузир. Фиристод наздики шоҳ Ардавон, Фиристода шуд бо яке паҳлавон. Бидид Ардавону писанд омадаш, Ҷавонмардро судманд омадаш. Писарвор меҳтар ҳаме дошташ, Замоне ба тимор нагзошташ. Ба май хӯрдану хону нахчиргоҳ Нарафтӣ ба ҷуз бо ҷавонмард шоҳ. Ҳаме дошташ ҳамчу пайванди хеш, Ҷудоӣ надодаш зи фарзанди хеш. Чунон буд, ки рӯзе ба нахчиргоҳ Пароканда шуд лашкару пури шоҳ. Писар буд мар Ардавонро чаҳор, Аз он ҳар яке чун яке шаҳрёр. Ҳаме ронд бо Ардавон Ардашер, Ҷавонмард буд шоҳро дилпазир. Ба ҳомун падид омад аз дур гӯр, Аз он лашкари гашн бархост шӯр. Ҳама бодпоён барангехтанд, Ҳаме гард бо хай баромехтанд. Ҳаме тохт пеш-андарун Ардашер, Чу наздик шуд, бар камон ронд тир. Бизад бар сурини яке гӯри нар, Гузар кард бар гӯр пайкону пар.